Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй малика, акнун саволи дуввумро баргӯй ва ман ба талаби ӯ биравам.
Духтар гуфт:
— Эй Ҳотам, саволи дуввум ин, ки ҳар шаби ҷумъа овозе ба гӯши ман мерасад, ки: «Оҳ, коре ки мӯҷиби сарафрозии ман дар он буд, накардам». Эй Ҳотам, бояд ки аз ҳақиқати ин гуфтори сӯз маро огоҳ гардонӣ, гӯяндаи ин сухан кист ва надомати ӯ аз чист?
Ҳотам гуфт:
— Эй моҳи тобон, аз ҳақиқати ин гуфтор хабар хоҳам овард. Инак, рафтам.
Ин гуфта аз дари касри он духтар берун шуд ва бозаргонро дар корвонсаро оварда гузошт ва рӯй ба бераҳои биёбон карда ҳамчун бод мерафт.
Ногоҳ дар зери дарахте расид, ки сар ба Сурайё кашида. Дар зери он дарахт бинишаст. Чун шаб бар сари чанг даромад¹, овозе ба гӯши Ҳотам расид: «Оҳ, накардам он чӣ ба кор омаданӣ буд».
Дарҳол ба ҷониби он овоз равона шуд, тамоми шаб роҳ рафт. Чун рӯз шуд, дар зери дарахте расида бинишаст. Чун шаби ҷумъа расид, боз ҳамон овоз ба гӯш расид. Ба ҷониби чапу рост назар мекард ва мегуфт: «Гӯяндаи ин овозро аз куҷо хоҳам ёфт?» Тамоми шаб роҳ рафт, чун рӯз шуд, дар деҳае расида қарор гирифт ва шаби ҷумъа буд, ки боз ҳамон овоз ба гӯши Ҳотам расид. Ҳотам донист, ки ин овоз дар шаби ҷумъа мешудааст ва дар шабҳои дигар не. Рӯ ба биёбон карда, боз аз паи он овоз роҳӣ шуд. Баъд аз чанд рӯз маҳалли дигаре бинамуд. Дар он маҳал рафта қарор гирифт. То шаби ҷумъа шуд боз ҳамон овоз ба гӯш расид. Аз паи он овоз муддати як моҳ роҳ гашт. Баъд аз як моҳ ба деҳае расида дид, ки аҳли он деҳа берун омада, ба як ҷо ҷамъ шудаанд, нолаву зорӣ мекунанд.
Ҳотам гуфт:
— Эй ёрон, боиси гиряи шумоён чист?
Он ҷамоа гуфтанд:
— Эй ҷавон, ту мусофир менамой, аз аҳволи моён воқиф нестӣ. Муддати мадидест, ки балои азиме пайдо
1 Яъне: рӯз бегоҳ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё