Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳамон замон шоҳ фармуд, ки чанде аз мулозимон ин ҳама зару ҷавоҳирҳоро бо Ҳотам бардошта, то ба қарибии шаҳри эшон бирасонед ва худҳо бозгардед, аз сиҳат ва саломатии ӯ хат биёред, то ки хотирҷамъӣ ҳосил ояд.
Мулозимон дарҳол Ҳотамро бо он зарҳову ҷавоҳирҳо бардошта, наздики даҳони он ғор расониданд.
Мулозимони духтари Ҳорис омада гоҳо аз сари он накб хабар мегирифтанд. Иттифоқо, ҳамон рӯз мулозимони духтар омада буданд, дар ин вақт Ҳотам бо девон аз сари накб берун шуд.
Мулозимон девонро дида, дар гурез шуданд. Ҳотам фарёд карда гуфт:
— Эй мулозимон, нагурезед, ман ҳамон касам, ки барои хабар гирифтан дар ин накб рафта будам. Акнун хабар аз ин накб гирифта омадаам. Шумоён натарсед ва дар назди ман биёед. Мулозимон гашта дар пеши Ҳотам омаданд ва ӯ ҳамаи он ҷавоҳиру зарҳоро ба мулозимони духтар супурд. Қаламу давот аз кисаи худ бароварда, сиҳату саломатии худро навишта ба дасти девон дод. Девон аз он ҷо бозгашта, ба мулозимати Фурқосшоҳ равона шуданд.
Ҳотам бо мулозимон ҳамаи он ҷавоҳиру зарҳоро
гирифта, дар корвонсаро омада қарор гирифт.
Мулозимон ба хизмати духтар рафта гуфтанд:
— Эй барнои олам, он ҷавоне ки ба шумо шарт карда, дар ин накб рафта буд, имрӯз бо девони бадҳайбат ва зару ҷавоҳири бисёр омада, дар корвонсаро нишастааст. Ва он девонро рухсат карда, ба тарафи макони эшон фиристод ва ҳамаи он зару ҷавоҳирҳоро ба он ҷавони бозаргон бахшид.
Дарҳол духтар гуфт:
— Эй ходимон, рафта он одамро биёред.
Мулозимон Ҳотамро бо он ҷавони бозаргон дар пеши духтар оварданд. Ҳотам ҳамаи саргузашти худро бо аҳволоти даруни он ғор як-як дар пеши он духтар баён намуд.
Духтар гуфт:
— Эй ҷавон, боракалло бар ҳиммату шуҷоати ту!
Ҳотам гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё