Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ду ронаш ҳамчун дарвозаи шаҳр ва бо ин хубиву нозукӣ омоси баданаш зӯр гашта.

Дарҳол Ҳотам гуфт:
— Обе биёред ва пораи қанди сиёҳ ҳам.
Дарҳол оварданд. Мӯҳраро аз ҷайби худ бароварда, ба об соида ва бо қанди сиёҳ ҳамроҳ карда, ба дасти духтар дод. Духтар ҳамаи он шарбатро то охир даркашид. Баъд аз соате аз ҷониби поён даруни он рафтан гирифт. То ба вақти шом ҳамаи ахлоту ғубор аз даруни он берун шуда, хосияти мӯҳра асар карда, ранги рӯяш кушода шуд. Иштиҳояш ғолиб омадан гирифт.

Шоҳ рӯй ба ҷониби Ҳотам карда гуфт, ки:
— Офарин бод бар доногию ҳакимии ту, ки духтар аз ҳамаи заҳматҳо ва дардҳо халосӣ ёфт. Акнун дар ин ҷо будани ту лозим аст ва туро аз ин ҷо нахоҳем гузошт ва ҳарчи муроди дили ту бошад, ба он хоҳем расонид.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, дар ин ҷо будани ман аз тасаввур берун аст. Дар ин боб омилони рӯзгор чанд байте гуфтаанд:

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабутар бо кабутар, боз бо боз.
Ки шерӯ гӯсфанд оянд ба як ҷой,
Куҷо гӯянд ба якдигар басе роз?

Маро мондан дар ин ҷо кай бишояд,
Ба инсон сӯҳбати девон нашрояд.
Ба коре омадам, дидам ҳақиқат,
Ки коре мушкилам акнун барояд.

Алқисса, Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, ба коре омада будам ва ҳақиқати он бар ман маълум гашт, акнун бояд, ки каминаро рухсат фармоянд.

Фурқосшоҳ фармуд:
— Эй хазинадорон, дари хазоинро кушода, зару ҷавоҳири бисёре ба ин одамизод бидиҳед!

Дарҳол хазинадорон зари сурху ҷавоҳир ва алмоспораи бисьёр оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, ман ин ҳама ҷавоҳир ва алмоспораи бекиёсро чӣ гуна хоҳам бурд?

Омилон — бузургон.

пешина
аз 269
навбатӣ