Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Шоҳ ҳамаи гуфтаҳои ӯро ба ҷо оварда, сиҳати тамоми ёфт ва гуфт:
— Эй одамизод, талаб аз ман ҳар чӣ металабӣ.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, чанд аз бародарони мо дар банди шумо буданд, бояд, ки ҳамаи онҳоро аз қайд халосӣ диҳӣ.
Дарҳол, шоҳ фармуд, ки ҳамаи он одамизодонро биёранд.
Мулозимон рафта ҳамаи онҳоро оварданд. Ҳотам, дид, ки ҳамаи эшон ба монандӣ фонуси хаёл шудаанд, гуфт:
— Эй бародарон, ба кадом сабаб дар ин ҷоҳо омадед ва дар қайди инҳо гирифтор шудед?
Ҳама гуфтанд:
— Сабаб духтари Ҳориси бозаргон.
Боз Ҳотам гуфт:
— Алҳол, ҳама ба ватани худҳо меравед?
Ҳама гуфтанд:
— Кошкӣ!
Якчанд рӯз ҳамаи онҳоро дар он ҷо нигоҳ дошта хуб парво кунонид. Баъд аз чанд рӯз пораи зар ба эшон дода фармуд, ки ҳеҷ деверо ба инҳо коре набошад.
Шоҳ гуфт:
— Киро ҳадди он аст, ки ба инҳо назари бад кунад. Бигузор ки ба фароғати тамоми ба ватани худҳо бираванд.
Боз подшоҳ гуфт:
— Эй меҳтари инс1 як муҳими дигаре дорам, бояд, ки ӯро ҳам осон созӣ.
Ҳотам гуфт:
— Кадом аст?
Шоҳ гуфт:
— Духтаре дорам дар паси пардаи исмат, муддати мадидест, ки ба дарде мубтало шуда, ҳоли ӯ рӯз ба рӯз бадтар хоҳад шуд.
Ҳотам гуфт:
— Ӯро ҳам илоҷ хоҳам кард.
Шоҳ аз ҷои худ бархост ва дасти Ҳотамро гирифта, ба ҳарами хеш бурд ва духтарро ба ӯ намуд.
Ҳотам дид, ки аҷаб духтари «моҳрӯй», қад ба монандӣ манору даҳон ба монанди ғор, дастҳо ба монанди чинор ва пӯсти бадани он чун пӯсти ҳар ва миёни
1 Яъне: эй бузургтарин инсон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё