Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
намешавад ва шиками ман ҳамеша дард дорад. Ин дарди маро муолиҷа кунӣ, туро меҳрубониҳо намоем ва аз соли дунё мустағнӣ гардонам.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, дар таом хӯрдан нишинӣ чӣ миқдор навкарони ту ҳозир мешаванд?
Шоҳ гуфт:
— Ҳамаи онҳо ҳозир мешаванд.
Ҳотам гуфт:
— Мулозимонро фармо таом биёранд.
Мулозимон дарҳол чанд хон таом оварда, дар назди шоҳ гузоштанд. Шоҳ хост, ки даст дароз карда, аз он таомҳо бихӯрад. Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, соате сабр кун. Эй ҳоҷибон, як хон таомро сарпӯш бардоред.
Мулозимон ҳамчунон карданд, чашми хосу ом барафтод.
Ҳотам боз гуфт:
— Болои ӯро пӯшонед.
Ҳоҷибон ҳамчунин карданд. Соате бигзашт. Боз фармуд, ки сарпӯши ҳамаи он табақҳо бардоранд. Мулозимон дарҳол сарпӯш аз он табақҳо бардоштанд. Шоҳ ва ҳамаи аркони давлати ӯ назар карда диданд, ки ҳамаи таоми он табақ кирм шуда, дигари он таомҳо чунин не. Шоҳ ва девон ҳайрон бимонданд.
Шоҳ гуфт:
— Эй Ҳотам, ин чӣ сир аст, ки таоми хони аввал кирм шуда, таоми хонҳои дигар инчунин не? Шоҳ аз аркони давлат пурсид, ки дар назари шумоён чӣ гуна менамояд?
Аркони давлат гуфтанд:
— Чунон ки дар назари шумо менамояд, дар назари моён низ чунон менамояд ва ҳама дар тааҷҷуб ҳастем.
Ҳотам гуфт:
— Сабаби кирм шудани ин таом афтодани назари халқон аст,— ва гуфт: — Эй шоҳ, агар хоҳӣ ки ин заҳмат аз ишками ту дур шавад, бояд, ки таом дар хилват хӯрӣ ва ё бо навкарон ҳамроҳу баробар хӯрӣ ва аз ин ранҷу аз ин заҳмат халосӣ хоҳӣ ёфт ва илло не.
Ва Ҳотам ба ҷои об арақи бодиён фармуд.
Арақи бодиён — навъе доруи обакӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё