Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

ҷорӣ кард. Дарҳол Ҳотам мӯҳраи паризодро аз ҷайби худ гирифт ва ба об сойида, ба чашми зани дев молид. Дарҳол омоси чашмаш гашта ва аз дарди он халос шуд ва ин табобати Ҳотамро раис дида, мутаҳайир шуд ва гуфт:
— Эй барно, мисли ту доно ва ҳозиқ дар миёни одамиён ва париён нахоҳад буд.
Ходимонро фармуд чандин қисм таом оварда, дар пеши Ҳотам гузоштанд. Ҳотам аз он таомҳо хӯрда, фароғати тамомом ҳосил кард. Баъд аз чанд рӯз гуфт:
— Эй сарҳанги девон, чашми занат сиҳати комил ёфта чаро ба ваъдаи худ вафо намекунӣ ва маро ба хизмати шоҳи худ намерасонӣ ва он шоҳ чӣ ном дорад?
Сарҳанги девон гуфт:
— Номи ӯ Фурқосшоҳ.
Ва дарҳол аз ҷои худ бархост ва бо ҳамроҳии Ҳотам равона шуд ва баъд аз чанд муддат ба дарборгоҳи Фурқосшоҳ расид. Посбонон боргоҳ рафта гуфтанд, ки:
— Эй шоҳ, раиси фалон мавзеъ одамизодеро оварда.
Шоҳ гуфт:
— Раисро биёред.
Дарҳол ҳоҷибон омада раисро дар назди шоҳ бурданд. Раис гуфт:
— Эй шоҳ, одамизоде ба дасти ман афтода, бисёр доно ва ҳаким. Бандаро зане буд ва он зан муддати мадиде озори чашм дошт, ҳарчанд илоҷ мекардам, сиҳат намешуд ва ин одамизод чашми он занро ба муолиҷа сиҳат кард. Билохир ӯро ба хизмати шоҳ овардам.
Аз ин гуфтори раис шоҳ хурсанд шуда фармуд, ки:
— Эй хазинадорон, ба ин раис хилъати шоҳона бидиҳед!
Хазинадорон ҳамчунон карданд.
Боз гуфт:
— Эй мулозимон, одамизодро дар назди мо биёред!
Дарҳол Ҳотамро дар пеши шоҳ оварданд. Ҳотам аз дари боргоҳ даромада дид, ки деви бузурге бар болои тахти мурассаъ нишаста, ба чапу рости он тахт девони бузург нишастаанд.
Дарҳол шоҳи девон Ҳотамро дар назди худ бинишонд ва гуфт:
— Эй одамизод, муддатест, ки таом бар ман ҳазм

пешина
аз 269
навбатӣ