Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
духтараш ояд ва бо ин алоқа шоҳ дар бораи шумоён меҳрубонӣ хоҳад намуд.
Девон гуфтанд:
— Эй бузург, аз қабили ин чандин одамизодро бурдем, ҳеҷ кадоми эшон илоҷ натавонист кардан ва мӯҷиби маломату иҳонат бар моён шуданд.
Боз калони девон гуфт:
— Агар кирдори бади шумоён ба самъи шоҳ расад, шумоёнро бо зану авлод қатл хоҳад фармуд.
Охируламр гуфтаи сарҳанги худҳоро қабул карда, Ҳотамро раҳо намуданд.
Ҳотам аз чанги онҳо халос шуда роҳ мерафт ва мегуфт:
— Дар ин нақбу дар ин роҳ ин ҳама балоҳо будааст, ки духтари бозаргон толибонро дар ин ҷо фиристода, нобуду ҳалок мекардааст.
Ҳотам пештар рафта буд, ки аз макони дигаре девони дигар расида Ҳотамро гирифтанд ва дар пеши раиси худҳо бурданд. Ҳотам дид, ки раиси девон ғамнок нишастааст. Пурсид, ки:
— Ё бузург, сабаби ғаму изтиробашон чист?
Раиси девон гуфт:
— Эй одамизод, зан озори чашм дорад. Ҳарчанд ки илоҷ мекунам, дуруст намешавад.
Ҳотам гуфт:
— Ба ман намой.
Раиси девон Ҳотамро дар пеши зани худ даровард ва гуфт:
— Инак зани ман.
Ҳотам дид, ки як зане қад ба монандӣ манору даҳон ба монанди ғор ва дастҳо ба мисли чинору рӯй ба монанди деги сиёҳ дар шаби тор. Дар дил мегуфт: «Аҷаб зани соҳибҷамоле будааст». Пас гуфт:
— Эй бузург, ба ман аҳду паймон кунӣ ва маро ба ҷой ва макони шоҳи худ бирасонӣ, илоҷи озори чашми ин занро хоҳам кард ва илло аз ин дард маҳлас нахоҳад ёфт.
Дев гуфт:
— Эй барно, дар ин боб савганди ҳазрати Сулаймон ёд хоҳам кард ва туро дар пеши шоҳ хоҳам расонид.
— Ин бигуфта савганди мӯҳри Сулаймон бар забон
1 Иҳонат — ба маънии беқадрӣ, беэътиборӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё