Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
биёбони бепоён ва ӯ дар он биёбон афтода роҳ мерафт. Баъд аз чанд рӯз ба ҷое расида дид, ки ҷӯи об рафта истодааст. Дар дили худ гуфт: «Оби хӯрдании ман соф шуда буд, худои таоло маро ба ҷӯи об расонид».
Ин бигуфту бар лаби он ҷӯи об биншаст. Чанд куличаи равғанӣ бо чанд мағзи бодом аз кӯлвори худ баровард ва бо косаи ки аз як дона ёқути сурх буд, об аз он ҷӯй гирифт ва он куличаҳоро ба он оби коса тар карда тановул намуд. Баъд қадам дар роҳ ниҳода равона шуд. Муддати чанд рӯз роҳ рафта ба ҷое расид. Дид, ки деворе пуршукӯҳ сар ба Сурайё кашида ва аз як ҷои он девор дарвозаи пӯлодин ниҳодаанд. Аз дарвоза дохил шуда пештар рафта буд, ки қасри олӣ ба назараш бинамуд ва дар наздики он қаср расида дид, ки айвону кайвон ва хобгоҳи олӣ дорад.
Он мақом макони девон буд. Баногоҳ девон Ҳотамро дида, ба ҷониби ӯ хез карда омада, дар банд гирифтанд. Хостанд, ки пора-пора карда бихӯранд. Яке аз онҳо гуфт:
— Эй девон, гӯшти одамӣ аҷаб ширин аст, вале агар ин кори шумоёнро подшоҳ шунавад, ҳамаи шумоёнро ғазаб ва қатл хоҳад фармуд. Бояд, ки аз баҳри одамизод даргузарем.
Ҳама гуфтанд:
— Хуб аст.
Охируламр, Ҳотамро маҳлас дода¹, ба роҳи омадааш фиристоданд. Ҳотам аз инҳо халос шуда пештар рафта дид, ки макони олӣ. Дар дили худ гуфт: «Шояд ки дар ин ҷо аз ҷинси одамӣ бошад». Аммо аз он ҷо низ девони дигар пайдо шуда омада Ҳотамро гирифтанд.
Ҳотам мутаҳайир шуд. Ин девон низ хостанд, ки Ҳотамро бихӯранд. Яке аз онҳо гуфт:
— Эй девон, ин одамизодро бояд, ки нобуд кунед. Беҳтар он ки инро ба хизмати шоҳ тӯҳфа барем. Подшоҳ дарди шикам ва духтараш ранҷи азим дорад. Ҳазор одамизодро аз барои муолиҷаи худ ва захмати духтараш талабонидааст. Ҳеҷ кадоми эшон муолиҷа натавонистанд кунанд. Алҳол ҳамаи онҳо дар банди шоҳанд.
Биёед, ки ин одамизодро ба хизмати шоҳ барем. Шояд ки аз дасти ин илоҷи меҳнати шоҳ ва заҳмати
¹Яъне: халос карда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё