Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

данд, ки ду ҷавони толиб омада ва ба дари ин қаср истода ва фарри шоҳӣ аз ҷабини эшон ҳувайдо.

Дарҳол духтар Ҳотам ва он ҷавонро андарун талабида, худ дар паси парда бимнасту гуфт:
— Эй ҷавонон, ба чӣ кор омадед ва чӣ матлаб доред?

Ҳотам гуфт:
— Эй барно, дар ҳузури чанде аз мӯътабарон аҳду паймон намой, ман саволҳои туро ҷавоб хоҳам гуфт ва ту аз қавли худ нагардӣ ва нукси аҳд накунӣ ва баъд аз гуфтани ҷавоб ихтиёр маро бошад, хоҳ худ бигирам ва хоҳ ба дигаре бахшам.

Духтар гуфт:
— Хуб аст, хоҳ худ бигир ва хоҳ ба дигаре бубахш.
Пас духтар чанде аз бузургонро талабида, дар ҳузури эшон аҳду паймон карда гуфт:
— Эй ҷавон, агар яке аз ин се саволро ҷавоб натвонӣ гуфтан, дар бораи ту чӣ хоҳам кард?

Ҳотам гуфт:
— Ҳар чӣ хоҳӣ, бикун.
Духтар ҳам қабул кард.

Ҳотам гуфт:
— Эй нозанин, шарти ту кадом аст?
Духтар гуфт:
— Шарти аввали ман ин ки дар навоҳии ин шаҳр нақбест. Бояд, ки аз даруни ин нақб хабар биёрӣ.

Ҳотам гуфт:
— Фармонбардорам.
Духтар чанде аз хизматгорони худро фармуд ва гуфт:
— Эй мулозимон, бояд, ки рафта бо ин ҷавон сари нақбро намоед.

Дарҳол мулозимон бо ҳамроҳии Ҳотам омада, сари нақбро нишон доданд ва гуфтанд:
— Эй ҷавон, инак сари нақб.
Ҳамаи онҳо гашта, ба хизмати духтар рафтанд.


Ҳотам яккаву танҳо худро дар даруни он нақб андохт. Манзилу мароҳил тай карда роҳ мегашт.
Баъд аз чанд рӯз ба ҷое расида дид, ки аз як ҷо равшанӣ менамояд ва ба он ҷониб рафта дид, ки биё

1Яъне: аҳдро нашиканӣ.

пешина
аз 269
навбатӣ