Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ҷавобгӯӣ, бисёр хуб, ва илло молу матое, ки дорӣ, ҳама аз ман бошад.
Ман низ аҳд бастам. Аммо аз ҷавоби саволҳои ӯ оҷиз омадам ва аз паи ҷавоби он се савол дар биёбонҳо саргардон мегардам. Намедонам, ки охири кори ман чӣ гуна шавад.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, саволҳои духтарро бар ман гӯӣ.
Дарҳол он ҷавони бозаргон гуфт:
— Саволи аввал ин ки мегӯяд: Дар навоҳии ин шаҳр накбест1 маъруф ва машҳур. Хабари он накбро биёр. Саволи дуюми ӯ ин ки шахсе мегӯяд: «Он чӣ ба кор омаданӣ буд, накардам» ва он шарти сеюми ӯ ин ки мӯҳраи моҳпариро аз ман талаб дорад.
Бозаргони ҷавон боз гуфт:
— Эй ҷавон, ҳамаи амволро аз ман гирифта, маро аз ин шаҳр бадар кард.
Байт:
Ёри ман ку, ғамгусори ман ку?
Ман барги хазон, навбаҳори ман ку?
Гӯянд, ба дилбарон биёяд дилдор,
Бурданд ба ҳаҷр ихтиёри ман ку?
Алкисса Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, хотир ҷамъ дор, ман бар он шаҳр биравам ва маъшуқи туро бар ту гирифта бидиҳам.
Ҷавони бозаргон гуфт:
— Эй Ҳотам, муяссар шудани он духтар аз ҷумлаи маҳолот аст. Бинобар он ки ҳазорон ҳазор мардону шоҳону акобирон дар паи се саволи он духтар асири хок шудаанд. Мабодо, ки ту ҳам чунин шавӣ.
Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, сари худро барои ҳоҷати мӯҳтоҷон ва муҳимми бечорагон бохтаам. Ғами ман чӣ мехӯрӣ?
Бархез, гиряву нола макун. Бо ман ҳамроҳикунон ба тарафи он духтар равон шав.
Ҷавон аз ҷои худ бархост. Бо ҳамроҳии Ҳотам ба ҷониби шаҳр озим шуд.
Баъд аз чанд соат аз дарвозаи шаҳр дохил шуда,
ба дари сарои Ҳориси бозаргон ба монандӣ соҳилон2
рафта истоданд ва ба мулозимати духтар хабар расони-
1 Накб — ба маънии ғор
2 Соҳил — гадо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё