Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
овоз равона шуд. Дар ҷое расида дид, ки ҷавоне нишаста ва ашк аз дидагон ба монандӣ оби равон мерезад, нолаву зорӣ мекунад ва ҳар замон оҳи сард аз дили пурдард мекашад.
Алкисса, Ҳотам ба сари он ҷавон расида гуфт:
— Эй ҷавон, туро чӣ шудааст, ки ин нолаву зорӣ мекунӣ? Он ҷавон ба ҷониби Ҳотам нигоҳе карда гуфт:
— Эй барно, саргузашти ман ба шарҳ рост намеояд ва агар аз аҳволи худ шаммае баён намоям, туро дарди сар хоҳад шуд.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, беибо саргузашти худро бар ман гӯй.
Ҷавон гуфт:
— Эй марди нек, аз ин ҷо то ба шаҳри ман чаҳор фарсанг роҳ ҳаст ва дар он шаҳр мардест Ҳорис ном ва ӯро духтаре ҳаст бағоят соҳибҷамол ва соҳибтадбир. Ман барои тиҷорат дар ин шаҳр омада будам. Рӯзе гузори ман дар зери қасри ӯ афтод. Дидам, ки он нозанин аз дарича назар карда атрофи оламро тамошо мекунад. Ба муҷарради дидан ақлу ҳуш аз сари ман бадар рафт ва ба дарди ишқи ӯ мубтало шудам.
Аз мардумон пурсидам, ки ин қаср азони кисту ин духтар зодаи кист?
Мардумон гуфтанд:
— Ин қаср аз духтари Ҳориси бозаргон аст.
Боз гуфтам:
— Эй ёрон, он духтар шавҳар дорад, ё не?
Мардумон гуфтанд:
— Ин духтар ба касе намерасад ва ӯ се савол дорад. Ҳар касе саволи ӯро ҷавоб бидиҳад, духтар ба ӯ хоҳад расид ва илло не.
Чун ин суханро шунидам, беқарору беором ба дари хонаи маҳлиқо рафтам ва бандавор муроди худро ба ӯ гуфтам.
Ҳориси бозаргон гуфт:
— Ихтиёр бо ман нест. Дар ин боб худи ӯ мухтор¹ аст.
Аз ин ҷо баргашта ба дари қасри он духтар расидам ва ба мулозимони ӯ муроди худро гуфтам.
Мулозимон он духтарро аз муроди ман огоҳ гардониданд. Духтар маро талабида гуфт:
— Эй ҷавон, се савол дорам. Агар ин саволҳоро
¹Мухтор — соҳибихтиёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё