Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ҳотам ҳамаи саргузашти худро як-як дар пеши малика баён карду гуфт:
— Эй малика, акнун овози он мардро касе нахоҳад шунид.
Малика шунидан баробар ба ҷамеи кору кирдори Ҳотам таҳсину офарин кард.
Доя гуфт:
— Эй малика, ҳар чӣ Ҳотам мегӯяд, рост мегӯяд.
Баъд аз он малика фармуд, ки:
— Эй мулозимон, ин ҷавонро чизе хӯрдандӣ бидиҳед!
Дарҳол мулозимон чандин қисм таом оварда, дар назди Ҳотам ва шаҳзода гузоштанд. Ҳардуи эшон нӯши ҷон карданд. Баъд аз фароғи таом Ҳотам гуфт:
— Эй малика, як саволи шуморо ҷавоб гуфтам. Акнун саволи дигарро гӯед.
Малика гуфт:
— Эй Ҳотам, чанд рӯз дар ин шаҳр ором гир ва ғубори роҳ аз худ дур кун, баъд аз он саволи дигарро хоҳам гуфт.
Ҳотам бо шаҳзода аз боргоҳи малика баромада дохили корвонсарой гардид. Муддати се шабонарӯз дар он ҷо қарор гирифт. Баъд аз се рӯз боз ба хизмати малика рафта гуфт:
— Эй нозанин, бояд, ки саволи худро гӯй, банда ба талаби он хоҳам рафт.
Духтар гуфт:
— Касе ба дарвоза навиштааст ки:

Тӯ некӣ мекуну дар даҷла андоз,
Ки эзид дар биёбонат диҳад боз.

Бояд ки аз ҳақиқати ин сухан ва гӯяндаи он маро огоҳ гардонӣ.

САФАРИ ДУВВУМ

Дарҳол, Ҳотам аз хизмати малика баромада, дар корвонсаро омад ва бо шаҳзода видоъ карда, рӯй ба биёбон ниҳод.
Муддати чанд рӯз қатъи манзилу тайи мароҳил карда, дар зери дарахте расид ва дар сояи он дарахт бинишаст. Ногоҳ овозе ба гӯши Ҳотам расид, ки нолаву зорӣ мекунад. Аз шунидани он овоз тоқат дар дили Ҳотам намонд ва аз ҷои худ бархосту ба ҷониби он

пешина
аз 269
навбатӣ