Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

рухсат гирифта, ба ҷониби шаҳри Ҳуснобод роҳӣ шуд. Дар арзи роҳ ба лаби дарё расида, бо он моҳӣ мулоқот карда ва дар роҳ даромада манзилу мароҳил тай карда, баъд аз чанд рӯз ба регистоне расида ва аз регистон гузашта, ба мақоми паризодон бирасид. Паризодон аз омадани Ҳотам воқиф гашта, ба истиқбол баромаданд ва Ҳотамро мулозимат карда дар пеши подшоҳи худҳо бурданд. Шоҳ Ҳотамро дар канори худ гирифт ва навозиши бисёре кард. Баъд аз он завҷаи Ҳотам омада, дар қадами ӯ афтод. Ҳотам сари завҷаи худро бардошта дар канор гирифт. Паризодон бар сари Ҳотам зару ҷавоҳири бисёре нисор карданд.

Алқисса, Ҳотам муддати як моҳ ба зани худ айшу ишрат кард. Баъд аз як моҳ аз паризодон рухсат гирифта, равона шуд. Баъд аз чанд рӯз ба мақоми шағолон расид. Алассабоҳ бо онҳо видоъ карда, роҳи Ҳуснобод пеш гирифт. Қатъи манзилу тайи мароҳил карда, дар шаҳри Ҳуснобод расида ва дар корвонсарой омада, бо шаҳзода Мунир мулоқот кард. Дарҳол шаҳзода дар зери қадами Ҳотам афтод, Ҳотам сари ӯро бардошта гуфт:
— Дил хуш дор, ҷавоби саволи духтарро овардам.

Ҳамон замони омадани Ҳотамро ба самъи малика расониданд. Дарҳол малика чандин қисм таом барои Ҳотам фиристод. Ҳотам бо шаҳзода таомҳои маликаро нӯши ҷон карда, шукри Худоро ба ҷо овард.

Алассабоҳ мулозимон омада Ҳотамро дар пеши малика бурданд. Ҳотам салом дода ва таъзимоти маликаро ба ҷо овард. Малика аз паси парда ҷавоби салом дода пурсид, ки:
— Эй ҷавон, ҷавоби саволро овардӣ?

Ҳотам гуфт:
— Оре.

Духтар гуфт:
— Эй ҷавон, акнун аз ҳақиқати ҳол маро огоҳ гардон.

Ҳотам гуфт:
— Эй раъно, дар дашти Ҳувайдо марди пире дар тилисмот нозанинеро дида, ошиқу фирефтаи ҷамоли он нозанин гашта ва дар он дашт афтодааст. Орзӯ мекунад ва мегӯяд, ки як бор дидам, бори дуюм медида бошам? Ин суханро дар тамоми рӯз гуфта, атрофу ҷониби он даштро мегардад ва медавад.

пешина
аз 269
навбатӣ