Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
рафта ҳанӯз сурати он дилбар аз хотири ман маҳв намешавад ва дар орзуи дидани он ҷон меканам.
Ин бигуфту оҳи сард аз дили пурдард баркашида давидан гирифт ва ин байтро мехонд:
Як бор ҷамоли ёр дидан ҳавас аст,
Дар орзуи дубора бисёр кас аст.
Алкисса, Ҳотам донист, ки ошиқи содиқ аст. Дарҳол Ҳотам расида, дасти он пирро гирифту гуфт:
— Эй азиз, агар бори дигар бибинӣ шод мешавӣ?
Пир гуфт:
— Дидани он аз ҷумлаи маҳолот аст, — пир боз гуфт: — Кошки!
Ҳотам гуфт:
— Биё бо ман ҳамроҳ шав, ман он нозанинро бар ту нишон бидиҳам.
Он пир бо ҳамроҳии Ҳотам равон шуд. Баъд аз чанд рӯз дар зери он толоб расиданд. Ҳотам гуфт:
— Эй бузург, мехоҳӣ, ки он нозанинро ҳамеша бинӣ бояд, ки дасти ӯро нагирӣ ва ниқоб аз рӯи ӯ набардорӣ ва агар ниқоб аз рӯи ӯ бардорӣ ва бинӣ боз дар он дашт ба ҳамон бало мубтало хоҳӣ шуд ва боз дар ин ҷо расидани ту маҳол аст. Ман ки дар ин ҷо расидам ба сабаби ҳидояти марди бузург.
Ва боз гуфт:
— Эй пир, агар мехоҳӣ, ки дидани он барно бар ту муяссар шавад, бархез бар сари ин толоб бинишин. Ҳамон зани сарупо бараҳна барояд ва дасти туро бигирад, зинҳор майл бо ӯ накунӣ.
Дар ин гуфтугӯ буданд, ки ҳамон зан аз зери толоб баромад. Пир наздик расида, дасти худро ба дасти он зан биниҳод. Он зан дасти пирро гирифта дар оби толоб ғӯта зада пирро дар қаъри об бурд.
Ҳотам баъд аз ин рӯ ба ҷониби шаҳри Хуснобод карда равона шуд. Баъд аз чанд рӯз ба хизмати пири роҳнамо расида салом кард. Пир Ҳотамро дар канори худ гирифта навозиши бисёре кард ва гуфт:
— Эй Ҳотам, боракалло бар ҳиммату эътиқоди ту, аз он тилисмоти пурофат саломат баромадай.
Алкисса, он пир Ҳотамро як шабу рӯз меҳмондории аҷибе карда хушҳол сохт. Баъд Ҳотам аз он пир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё