Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ва он ниқобдор дар зери тахт истода, ҳар замон ба ҷониби Ҳотам нигоҳе карда табассум мекард ва он нозанинон таомҳои гуногуну меваҳои рангоранг оварда дар пеши Ҳотам мениҳоданд. Ҳотам ҳарчанд мехӯрд, шикамаш сер намешуд, ба ин ҳол тааҷҷуб мекард. Боз ба ин кайфият се рӯз гузашт ва дар дили худ гуфт: «Агар сад сол дар ин ҷо бошам, аз тамошои инҳо сер нахоҳам шуд ва аз паи матлуби худ хоҳам монд». Ин бигуфту дасти он нозанинро бигирифт. Дар ин ҳин нозанин аз зери тахт баромада, чунон лагаде бар сафҳои синаи Ҳотам зад, ки Ҳотам сина бар ҳаво бар рӯи тахт афтод. Чашми худро кушода дид, ки на боғу на тахт ва на он нозанинон. Ҳеҷ аҳаде дар он ҷо нест. Дар як даште афтода, ки не сар дораду не поён ва ҳамаи он биёбонҳо сароб менамояд. Ӯ дар дил гуфт: «Дашти Ҳувайдо ҳамин бошад, ба талоши ӯ бояд кӯшид». Андаке пештар рафта буд, ки ҳамон овоз ба гӯшаш расид:
Як бор ҷамоли ёр дидан ҳавас аст,
Дар орзӯи дубора бисёр кас аст.
Алкисса, Ҳотам тафаҳҳуси бисёр карда, ба ҷониби он овоз равона шуд. Муддати ҳафт шабонарӯз аз паи овоз роҳ рафт. Рӯзи ҳаштум ҳангоми шом ба ҷое расида дид, ки марде маҳосинсафеде ба ҷой нишаста ин суханро мегӯяд ва ашк ба монандӣ оби равон аз дидагон мерезад. Наздик расида салом кард. Ва он пир ҷавоби салом дода пурсид, ки:
— Эй ҷавон, аз куҷой ва дар ин мақоми пурҳасрат ба чӣ кор омадӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, барои ин кор омадаам, ки шахсе мегӯяд, ки «як бор дидам ва бори дуюм орзӯи дидан дорам».
Пир гуфт:
— Эй ҷавон, биншинӣ, то ки ҳақиқати ин суханро бар ту гӯям.
Пас Ҳотам дар назди пир биншаст. Дарҳол, кӯзаи обу нон дар пеши эшон аз ғайб ҳозир шуд.
Билохир, он нон ва он обро хӯрда, пир дар сухан даромад ва ҳақиқати саргузашти худро як-як баён намуду гуфт:
— Эй ҷавон, дар овони ҷавонӣ сурати он раъноро як бор дида будам, акнун нур аз чашму қувват аз миён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё