Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

рафт. Ҳотам сайркунон ба атрофу ҷониби он боғ мегашт. Ногоҳ дид, ки аз ҳар тарафи он боғ нозанинони моҳлиқо пайдо шуда омада, дасти Ҳотамро гирифта ба сӯи худҳо мекашанд. Насиҳати пирро ба хотир оварда ба ҳеҷ кадоми онҳо назар намекард, ва мегуфт: «Тилисмоте, ки пир гуфта буд, инҳо хоҳанд буд». Нозанинон Ҳотамро гирифта дар маҳалле бурданд ва тамоми деворҳои он маҳалли мурассаъ аз тиллову ҷавоҳир буд ва сурати чанде ин нозанинонро дар он девор нақш карда буданд. Ҳотам пештар рафта дид, ки айвоне оливу фаршҳое шаҳаншоҳӣ ва дар пешгоҳи он айвон тахти мурассаъ аз ёқуту зумурраду забарҷад буда, чунончи ҳамаи он нозанинон дар пеши тахт расида нақши девор шуданд ва ҳазорон ҳазор сурат ба девори он маҳалла менамуд ва дар дили худ мегуфт: «Ин чӣ тилисмот аст, ки ҳамаи эшон ба наздики тахт расида, нақши девор шуданд» ва бар забари1 тахт баромада бинишаст. Баъд аз соате овози тарақ-тарақ ба гӯши ӯ расид, ба болову поёни он тахт назар карда мегуфт, ки «камари ин тахт шикаста нобуд хоҳад шуд» ва аз ҷои худ бархост ва ба тарафи дасти рост гузашта бинишаст.

Баъд аз соате ҳамон садо боз баромад. Дарҳол ҳамон дилбари нозанин ба ҳазор нозу карашма аз девор фурӯд омада қасд ба ҷониби Ҳотам карда наздик расид. Ҳотам мутаҳайир шуд ва гуфт: «Ин ҳама нақшҳои зарринлибос карашмакунон, ниқоб бар рӯи худҳо кашида меоянд».

Охируламр, он нозанинон наздики Ҳотам, дар зери он тахт истода шуданд. Ҳотам аз ин кору кирдори эшон беқарор шуда хост, ки ниқоб аз рӯи он нозанини соҳибҷамол бигирад, насиҳати пир ба хотираш расиду гуфт: «Агар дасти ин нозанинро бигирам, аз ин тилисмот натавонам баромадан ва дар ин мақом то ба қиёмат хоҳам монд». Бо ин андеша дар он ҷо се шабонарӯз буд. Аммо шаб мешуд, шамъҳои мумин аз ғайб пайдо шуда, дар назди Ҳотам меомаданд ва раққосону муғанниён аз ғайб пайдо шуда, дар назди Ҳотам сози сӯҳбат мекарданд.

Аз аввали шаб то ба ҳангоми субҳ овози суруду нағмаву чангу рубоб тамомии оламро фаро мегирифт ва ҳамон суратҳои девор низ дар рақс медаромаданд.

1Забар — боло.

пешина
аз 269
навбатӣ