Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гузашти шахзодаро ва саргузашти худро бо ҳафт саволи малика дар назди он бузург як-як баён кард.
Пир гуфт:
— Эй Ҳотам, боракалло бар ҳиммату бар эътиқоди ту! Ин ҳиммату муруввате, ки ту дорӣ, туро ба дашти Хувайдо хоҳанд расонид ва аз замони қадим то ба ин дам ҳеҷ аҳаде аз дашти Хувайдо саломат гашта наёмадааст. Эй ҷавон, ин панди маро гӯш дор: Ҳар гоҳ ки ба дашти Хувайдо бирасӣ, чизе туро ба зулмот хоҳад расонид ва дар он зулмот нозанинон ҷилвакунон дар наздики ту хоҳанд омад, бояд ки ба ҳеҷ кадоми онҳо назар насозӣ. Хусусан аз миёни онҳо як нозанине, офтобталъате, муштарисаодате, ҳамчун моҳи шаби чаҳордаҳ ҷилвакунон дар пеши ту хоҳад омад ва дил аз ту хоҳад даррабуд. Бояд ки дилро моили ӯ нагардонӣ ва чашмҳои худро пӯшонида, дасти ӯро ба дасти худ бигирӣ ва он нозанин туро бетавакқуф ба дашти Хувайдо хоҳад расонид.
Дар ин ҳин, шахсе хони мурассаъ пур аз таоми лазиз оварда, дар пеши эшон ниҳод.
Ҳотам сари хонро кушода дид, ки чандин қисм таоми лазиз ва ончунон лазиз, ки дар назди ҳеҷ аҳаде муяссар нахоҳад шуд. Ҳотам ба фароғати тамом аз он таомҳо шикамсерӣ хӯрда, шабро дар он мақом гузаро намуда, алассабоҳ ба хизмати пири бузург омаду гуфт:
— Эй азиз, каминаро рухсат бидиҳед.
Пир гуфт:
— Хуб аст!
Алкисса, аз хизмати пир баромада, ба талаби дашти Хувайдо равона шуд. Баъд аз чанд рӯз манзилу мароҳил тай карда, бар лаби толобе1 даррасид. Дид, ки дарахти азиме сар бар фалак кашида, баргҳои аҷибе дорад ва дар зери он дарахт бинишаст. Баъд аз соате зани соҳибҷамоле сару пой бараҳна аз об берун омаду дасти Ҳотамро бигирифт ва бар оби толоб ғӯта зад. Ҳотам чашмҳои худро пӯшонида, бо ҳамроҳии он зан дар қаръ мерафт. Ногоҳ пойҳои Ҳотам бар замин расид. Чашм кушода дид, ки ӯ бо ҳамроҳии он зан дар даруни боғе истода ва он боғ гулзорҳои аҷибе дорад ва он зан дасти Ҳотамро гузошта, ба як тарафи он боғ 1 Толоб — ҳавз, кӯл.

пешина
аз 269
навбатӣ