Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ҳҳабат намоӣ. Баъд аз чаҳор рӯз туро аз ин макон берун хоҳам кард.
Ҳотам дар он мақом бо он махлуқ чаҳор рӯз мусоҳабат кард. Баъд аз чаҳор рӯз Ҳотам гуфт:
— Эй барно, бояд, ки ба ваъдаи худ вафо карда, маро аз ин мақом берун орӣ.
Он махлуқ гуфт:
— Фармонбардорам!
Охируламр, Ҳотамро аз қаъри дарё берун карда, ба хушкӣ расонид. Ҳотам ба он махлуқ видоъ карда, ба талаби дашти Ҳувайдо роҳӣ шуд ва баъд аз чанд рӯз меҳнату машаққати бисёре кашида, ба доманаи кӯҳе расида ва аз зери он кӯҳ саъй карда, бар болои он кӯҳ баромада дид, ки дарахтҳои арҷар, сарв ва санавбар, сабзаву райҳон. Қумриёну булбулони хушилхон дар шохҳои он дарахтон машғул ба зикри малики макон буда ва дар миёнаи он дарахтон суфае ороста. Ҳотам бар болои суфа баромада нишаст. Атрофу ҷонибро тамошо мекард. Баъд аз соате аз ғалабаи ҳалокӣ хоб даррабуд. Дар ҳангоми хоб соҳиби он макон омада дид, ки бар болои суфа ҷавони соҳибҷамоле, осори шаҳаншоҳӣ аз ҷабини ӯ ҳувайдост, дар хоби ширин рафтааст. Ҳеҷ нагуфта, бар сари болини Ҳотам бинишаст. Баъд аз муддате Ҳотам аз хоб бедор шуда дид, ки марди маҳосинсафеде бар сари болини ӯ нишастааст. Аз ҷои худ бархост ва таъзими он бузург ба ҷо оварда бинишаст.
Он мард гуфт:
— Эй ҷавон, чӣ ном дорӣ ва аз куҷо омадӣ ва ба чӣ сабаб дар ин мақом қадам овардӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, номи ман Ҳотам, аз шаҳри Ҳуснобод
омадаам, ба талаби дашти Ҳувайдо меравам.
Он азиз сари худро ҷунбонида гуфт, ки:
— Эй ҷавон, расидан ба дашти Ҳувайдо аз ҳарчӣ мушкилтар аст. Туро ҳеҷ касе набуд, ки аз ин амри маҳол мамнуъ созад?
Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, мехоҳам, ки ҳоҷати мӯҳтоҷеро барорам
ва ӯро аз ғами дунё халос намоям, — ва тамоми сар-
1 Мусоҳабат — ҳамсӯҳбатӣ.
2 Мамнуъ — манъ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё