Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам ҳарчанд, ки зӯр кард, худро нигоҳ дошт карда натавонист.
Охируламр, давон-давон рафта дар коми аждаҳо қарор гирифт. Ҳотам дид, ки аз ин олами фонӣ даст шуста, дар пешгоҳи шиками аждаҳо маҳбус шуд, дар даруни аждаҳо медавид. Муддати се рӯз дар батни ӯ буд ва он мӯҳраи париро дар даҳон гирифта буд, нафаси аждаҳо таъсир намекард. Яке аз хосиятҳои мӯҳра ин буд, ки агар касе онро бо худ доштӣ, сӯхтани оташ ва захри мору қаҷдум ва ғайра ба ӯ таъсир накардӣ ва ба оби дарё ғарқ нашудӣ. Бинобар он нафаси аждаҳо ба ӯ таъсир надорд ва дар шиками ӯ саломат монд. Аждаҳо беқарор шуда мегуфт: «Аҷаб тӯъмае хӯрдаам, ки ҳаргиз ҳазм намешавад ва рӯдаҳои маро помол карда, ба ҳар тараф медавад». Ин мегуфт ва ба худ мепечид.
Охируламр, Ҳотамро аз шиками худ берун андохт. Ҳотам аз балои азим халос шуда, роҳи биёбонро пеш гирифта, ба талаби дашти Ҳувайдо озим шуд. Муддате дар миёнаи регистон баромада, бар лаби дарё расида дид, ки бар лаби он дарё чизе нишаста. Нимаи танаш аз миён поён ба монандӣ моҳӣ ва нимаи танаш ҳамчун одамӣ, рӯй ба мисли офтоби ховар.
Ҳотам мутаҳайир шуда, андеша мекард, дар ин вақт моҳӣ даст дароз карда Ҳотамро ба ҷониби худ кашид. Ҳотам ҳарчанд зӯр кард, худро нигоҳ дошта натавонист.
Охируламр, Ҳотамро ба монандӣ гунҷишк кулӯла карда, дар қаъри дарё ба макони худ бурд ва бар болои маснад ва палоси олӣ бинишонд. Баъд аз соате даст ба ҷониби Ҳотам дароз кард. Ҳотам худро дур кашид ва ба муроди ӯ нарафт.
Он махлуқ Ҳотамро муддати ҳафт шабонарӯз дар банд нигоҳ дошт.
Охируламр, Ҳотам гуфт:
— Эй махлуқ, барои муҳими бечорае омада будам, бояд ки маро аз қаъри ин дарё берун кунӣ ва дар хушкӣ расонӣ, бо ту сӯҳбат хоҳам кард.
Он махлуқ ба ин қавли Ҳотам розӣ шуда аз ҷои худ бархосту гуфт:
— Эй Ҳотам, бояд, ки дар ин мақом бо ман мусо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё