Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Духтар гуфт:
— Эй шоҳи Яман, мунтазират кист ва матлуби ӯ чист?
Дарҳол Ҳотам ҳамаи саргузашти шаҳзодаву саргузашти худ ва ҳикояти малика Ҳуснбонуро дар пеши духтар як-як баён намуд ва дар дили духтар раҳме омада, аз ҷои худ бархост ва дар назди падар рафту гуфт:
— Эй шоҳ, ин одамизодро бояд ки чанд рӯз ҷавоб бидиҳед.
Шоҳ гуфт:
— Эй нури дида, ихтиёр мар турост.
Духтар аз назди падар омада гуфт:
— Эй шоҳ, ба шарте туро рухсат медиҳам, ки барои муҳими он бечораи мунтазир биравӣ ва ҳоҷати ӯро барорӣ.
Ҳотам аз ҷои худ бархост ва ба зани худ видоъ карда, роҳи дашти Ҳувайдоро пеш гирифта буд, ки духтар мӯҳраеро бароварда ба дасти Ҳотам дод ва гуфт:
— Эй шоҳи Яман, ин мӯҳраро ба худ нигоҳ дор, туро дар ин роҳи пурофат ба кор хоҳад омад.
Ҳотам гуфт:
— Эй нозанин, ин мӯҳра чӣ хосият дорад?
Духтар ҷамъи хосиятҳои он мӯҳраро як-як баён кард ва боз дар назди падар рафта гуфт:
— Эй шоҳ, бояд, ки чанде аз мулозимонро фармоед, Ҳотамро то ба ҳадди фалон мақом бурда гузоранд.
Шоҳ гуфт:
— Эй фарзанд, ҳамчунин бояд кард.
Чанде аз паризодонро фармуд, паризодон Ҳотамро ҳамроҳи худҳо гирифта қатъи манзилу тайи мароҳил карда, бар ҳадде расонида гузоштанд.
Ҳотам яккаву танҳо роҳи биёбонро пеш гирифта мерафт. Билохир, аз зӯри ҳалокӣ ва ташнагӣ дар як ҷой рафта қарор гирифт. Ҳангоми шом буд, ки як куза обу чанд нони гарм ниқобдоре оварда, дар пеши Ҳотам ниҳод ва худи он бадар рафт. Аз ин кирдори ниқобдор Ҳотам ҳайрон бимонд.
Охируламр нону обро хӯрда, баъд аз об фароғи нон рӯ ба бераҳаи биёбон карда роҳ мерафт. Аз дур сурати аждаҳое ба назараш бинамуд, наздик расида дид, ки дар ҳақиқат аждаҳо будааст. Ҳаросе дар дили Ҳотам пайдо шуд. Аждаҳо ба қуллоби нафас Ҳотамро даркашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё