Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
супурданд. Ҳотам дар пеши духтар рафта дид, ки рӯй ба монандӣ офтоби ховар, қад ба мисли сарв, балки аз сарв нозуктар ва аз шаъшааи ҷамолаш олами зулмонӣ мунаввар. Ҳамчунон ҷое аз бистаре оростаанд, ки дар зери тасарруфи ҳеҷ подшоҳу амир нахоҳад буд.
Ҳотам дасти духтарро гирифта дар бистар рафт...
Шоҳ аз барои Ҳотам чанд қисм мева фиристод, лекин нон ва аз ҷинси матбахот2 дар миёни паризодон ҳеҷ набуд. Аммо хӯрдани мева дили Ҳотамро гирифта буд.
Рӯзе Ҳотам гуфт:
— Эй паризодон, маро мева хуш намеояд ва таоме мешояд.
Ходимон гуфтанд:
— Эй шоҳ, Ҳотам аз хӯрдани мева дилгир шуда. Дар ин боб амр чист?
Шоҳ гуфт:
— Эй мулозимон, рафта аз макони одамизодон аз ҳар ҷинси хӯрокиву матбахот биёред!
Дарҳол паризодон рафта аз мамлакати одамиён гӯсфанд ва ғайра ва аз аҷноси ғалла оварда, ба Ҳотам пухта доданд. Ҳотам нӯши ҷон кард.
Ҳотам бо духтари паризод шаш моҳро ба айшу ишрат гузаро намуд. Баъд аз шаш моҳ дар хотир овард, ки «барои кори бандаи муштоқе омада будам, алҳол кори он муштоқро аз хотир бароварда дар ин ҷо бо айшу тараб умр ба сар мебарам». Ин мегуфт ва ин байтро мехонд:
Шудам бо духтари чинӣ ҳамоғӯш,
Ҳама кори худо кардам фаромӯш.
Басо бечора-и шаҳзоди Хоразм,
Ба навмедӣ ба худ мурдан кунад ҷазм...
Алкисса, баъд аз хондани ин абёт назар ба ҷониби духтар карда гуфт:
— Эй барно, ман барои муҳимми бечорае омада будам. Падари шумо дар ин муддат маро дар ин ҷо нигоҳ дошт ва он бечора мунтазири роҳи ман хоҳад шуд. Фардои қиёмат дар назди худо чӣ ҷавоб хоҳам гуфт? Агар мурувват карда, чанд рӯзе маро рухсат бидиҳед ва падари худро аз ин ҳол огоҳ гардонед, боиси сарафрозӣ ва мӯҷиби корсозии ман хоҳад шуд.
1 Матбахот — пухтаниҳо, хӯрокҳои гарм.
2 Аҷнос — ҷинсҳо, навъҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё