Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Гирифторам ба дасти ин париён,
Ба марги хеш кай бошам ҳаросон,
Худо бошад ризо аз ман дар ин дам,
Ки созад кори он шаҳзоди Хоразм.
Намедонам чӣ сир аст баҳри инсон,
Ки ҷуфти у кунӣ ин вақт ҳайвон.
Илоҳо фазл кун аз пардаи ғайб,
Бикун қорам базудӣ зуд осон.
Ба роҳам кун равона рӯзу ҳам шаб,
Расон, ёраб, маро зудтар ба матлаб...

Алкисса, Ҳотам ин байтро хонда-хонда, дар хоб шуд. Дар айни хоби ширин марде маҳосинсафеде гуфт:
— Эй Ҳотам, гуфтаи париёнро чаро қабул намекунӣ?»
Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, агар духтари онҳоро қабул кунам, маро нагузоранд, ки аз паи матлуби худ равам.
Пир гуфт:
— Эй Ҳотам, халосии ту дар ҳамин аст ва корҳои мушкили ту ба сабаби инҳо осон хоҳад шуд, вагарна дар зери ғуллу занҷир дар ин ғори торик хоҳӣ мурд».
Ҳотам ларзида, аз хоб бедор шуд, дар назди худ ҳеҷ касро надид.
Алкисса, баъд аз ду ҳафта чанде аз паризодон парвоз карда рафта, Ҳотамро пеши шоҳи худҳо оварданд. Шоҳ Ҳотамро дар пеши худ бинишонд ва боз ҳамон сухан дармиён овард.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, ба шарти ин қабул мекунам, ки ҳеҷ кадом аз париён дар макони ман наёянд.
Шоҳ гуфт:
— Қабул кардам, — дарҳол фармуд, ки: — Эй мулозимон ва эй ходимон, уламову фузало ва акобирро хабар диҳед!
Мулозимон ҳамчунон карданд. Шоҳ дасти Ҳотамро бигирифту бар болои маснади шаҳаншоҳӣ бинишонд. Умарову акобирон омада, ҳар кадом ба ҷои худ бинишастанд. Раққосон дар миён даромада, рақс ва симоъ1 мекарданд ва муғанниён бо овози соз ҷаҳонро пур аз ошӯбу ғавғо сохта буданд.
Ҳотам ин ҳама шодиву ғавғои эшонро дида, таҳсину офарин мегуфт.
Алкисса, паризодон духтарро ба Ҳотам ақд баста

1 Симоъ — хониш, ашӯлахонӣ.

пешина
аз 269
навбатӣ