Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

муддат гуруснаву ташна дар даруни он ғор буд. Баъд аз чанд рӯз шоҳ фармуд, ки:
— Эй ходимон, раведу Ҳотамро гӯед, ки қабули ин амр кунад ва илло гуруснаву ташна дар он ғор хоҳад мурд.

Вазир бо чанде аз паризодон дар назди Ҳотам расида, насиҳати бисёре кард ва гуфт:
— Эй Ҳотам, бояд, ки қабули ин кор кунӣ ва илло аз ҷони азизи хеш ҷудо хоҳӣ шуд.

Ҳотам ҳеҷ нагуфт. Вазир бо рафиқон баргашт ва ба хизмати шоҳ омада гуфт:
— Эй шоҳ, он одамизод қабули ин амр намекунад.

Шоҳ гуфт:
— Ҳанӯз ба ҳолаш гузоред!

Ва як ҳафтаи дигар гузашт.
Посбонон рафта гуфтанд:
— Эй шоҳ, он одамизод аз гуруснагиву ташнагӣ ба ҳалокат хоҳад расид.

Шоҳ гуфт:
— Эй мулозимон, рафта он одамизодро гирифта биёред!

Чанд аз паризодон парвоз карда рафта, Ҳотамро дар пеши шоҳи худ ҳозир оварданд. Шоҳ дид, ки дар ҳақиқат Ҳотам ба монандӣ фонуси хаёл шуда анкариб аст, ки ҷони ширин ба ҷонофарин супорад.

Шоҳ гуфт:
— Эй Ҳотам, биё амри маро қабул кун.

Ҳотам боз сар фурӯ карда, хомӯш монд.
Шоҳ фармуд, ки:
— Эй мулозимон, чизе хӯрдани биёред!

Дарҳол мулозимон чандин қисм мева оварда, дар пеши Ҳотам гузоштанд. Аз он меваҳо чизе тановул намуда, шиками худро сер кард.

Боз шоҳ гуфт:
— Эй Ҳотам, амри маро қабул кун.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, инсонро бо парӣ чӣ муносибат аст?

Аз ин каломи Ҳотам шоҳ дар ғазаб шуда гуфт:
— Эй мулозимон, ин одамизодро бурда, дар ҳамон ғор ба ғуллу занҷир банд карда маҳбус созед!

Дарҳол Ҳотамро чанде аз паризодон бурда дар ҳамон ғор дар банд кашиданд.

Ҳотам ин байтро мехонд:

пешина
аз 269
навбатӣ