Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳеҷ маёр, духтари ман мисли туст. Эй хизматгорон, бояд, ки духтарро дар пеши Ҳотам ҳозир созед!

Мулозимон «хуб» гуфта, баъд аз соате духтарро дар пеши Ҳотам ҳозир карданд. Ҳотам дид, ки аҷаб духтаре, ба сурат мисли инсон, рӯй ба монанди моҳи шаби чордах, ороми ҷоне, мӯрчамиёне, шамшодкадде, дар олами фано мисол надорад ва аз ҷилои ҷамолаш офтоби ҷаҳонтоб ҳира мешавад ва ақлу хуш аз сари бинандагон мерабояд.

Боз Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, ту шоҳӣ, камина гадоям. Шоҳро гадо муносиб нест.

Шоҳи паризодон гуфт:

— Эй Ҳотам, ин ҳама ҳилаҳоро бигзор ва ба рағбати тамоми қабул кун. Бинобар он ки ман туро аз худ беҳтар медонам, агар ҳазорон-ҳазор худро пинҳон дорӣ, ҳақиқати кори туву гузаштагони ту бар ман маълум аст.

Ҳотам дар фикр шуда, ин байтро мехонд:

Ғамро кӣ нишон доду балоро кӣ хабар кард?
Бахти сияҳам аз ватанам баски бадар кард.
Умед чунин аст расам бар ватани хеш.
Толеъ чу бигашт, боз ба дил ғурбат асар кард.

ва дар дили худ мегуфт: «Ман барои кори касе омада будам, бо ин ҳама балоҳо мубтало шуда, шаҳзода Мунирро дар он ҷо мунтазир гузоштам». Боз ба хотир меовард, ки: «Хости худованди олам чунин бошад, чора чист, ҳарчӣ бошад ба қазои илоҳӣ гардан ниҳодан воҷиб аст».

Шоҳи паризодон дид, ки Ҳотам сар фурӯ карда, қабули ин амр намекунад, гуфт:

— Эй Ҳотам, агар қабули ин амр накунӣ, дар қайди банду занҷири ман то ба қиёмат хоҳӣ монд!

Ҳотам ҳеҷ нагуфт.

Шоҳи паризодон дар ғазаб шуда гуфт, ки:

— Эй ходимон, ин одамизодро бурда, дар фалон ғор ба ғулла ва занҷир нигоҳ доред!

Дарҳол чанде аз паризодон Ҳотамро гирифта, парвоз карданд ва ба он ғоре ки шоҳи эшон таъин карда буд, расонида дасту пой ва гардани Ҳотамро ба ғуллу занҷир банд карданд ва дар даҳони он ғор санге ҳазорманиро оварда ниҳоданд.

Аз ин муқаддима як ҳафта гузашт. Ҳотам дар ин

пешина
аз 269
навбатӣ