Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
рӯй расид ва роҳи рӯ ба рӯро пеш гирифта мерафт. Баъд аз чанд рӯзе ба як саҳрое расида дид, ки хирси бисёре ҷамъ шуда гаштаанд ва дар миёни худҳо подшоҳе доранд. Ҳамаи онҳо паризодон буданд, ки ба тилисмде худҳоро ба сурати хирс сохта, дашту биёбонро сайругашт мекарданд. Яке аз эшон рафта ба подшоҳ гуфт:
— Эй шоҳ, дар ин мақом ва дар ин дашту биёбон як одамизоде омадааст, аҷаб ҳусну ҷамоле дорад, ки осори шоҳӣ аз ҷабини ӯ хувайдо.
Подшоҳи эшон фармуд, ки:
— Эй мулозимон, рафта одамизодро дар назди ман биёред!
Дарҳол мулозимон омада Ҳотамро дар пеши подшоҳи худҳо бурданд. Шоҳи паризодон дид, ки фарри шоҳӣ аз ҷабини ӯ хувайдо, рӯй ба мисли офтоби ховар, мутахайјир шуда пурсид, ки:
— Эй одамизод, чӣ ном дорӣ ва аз куҷо меоӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, номи ман Ҳотам, аз шаҳри Яман меоям.
Шоҳ гуфт:
— Эй Ҳотам, хуш омадӣ ва қадами сафо оварди. Дарҳол мулозимони худро фармуд:
— Дар назди Ҳотам обу таом биёред!
Мулозимон чанд алвон мева оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд. Ҳотам аз меваҳо ба қадри рағбати худ тановул намуда, дуои фотиҳа хонд.
Баъд аз фароғи таом шоҳи паризодон гуфт:
— Эй Ҳотам ман духтаре дорам дар паси пардаи исмат, бояд ки ту ӯро ба занӣ қабул намой ва дар ин макони моён бошӣ.
Аз шунидани ин сухан Ҳотам сар дар чайби тафаккур фурӯ бурда хомӯш монд.
Шоҳи паризодон гуфт:
— Эй Ҳотам, боиси сар фурӯ бурдан чист? Андеша масоз ва он духтар муносиби туст ва ту муносиби ӯй.
Ҳотам сари худо боло карда гуфт:
— Эй шоҳ, шумоён парӣ, ман инсонам. Инсонро бо парӣ чӣ нисбат аст ва парӣ бо инсон чӣ гуна мувофиқ шавад?
Шоҳ гуфт:
— Эй Ҳотам, дар лаззати шаҳвонӣ инсон бо парӣ баробар аст. — Боз гуфт: — Эй Ҳотам, дар хотири худ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё