Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
фурӯ рехт ва бандҳоро аз кафторон кушода сар дод.
Кафторон мегуфтанд:
— Моён ба чӣ тавр зиндагонӣ мекунем ва луқмаи худро ба кадом навъ фурӯ мебарем?
Ҳотам гуфт:
— Эй кафторон, таксир аз ман нест ва аз худи шумоён аст.
Дар ин гуфтугӯ буданд, ки шағолон расида гуфтанд:
— Эй кафторон, ғам махӯред, хӯроки шумоёнро моён мерасонем.
Алкисса, Ҳотам шағолонро видоъ карда, ба ҷониби биёбон роҳӣ шуд.
Модашағол ба нари худ гуфт:
— Эй шоҳи даррандагон ва эй молики ин биёбон, Ҳотам ба талаби дашти Ҳувайдо танҳо меравад. Бояд ки ту бо ӯ дар ин роҳ ҳамроҳӣ бикунӣ ва Ҳотамро дар ин роҳи пурмеҳнат танҳо нафиристонӣ.
Наршағол ба назди Ҳотам расида омада гуфт:
— Эй Ҳотам, бояд, ки дар ин роҳи пуршур ман ба ту ҳамроҳӣ кунам ва туро дар ин биёбон танҳо нафиристонам.
Ҳотам гуфт:
— Эй махлуқ, аз уҳдаи яке некии шумоён набаромадам. Эҳсони дигар дар бораи ман мекунед, ивази инро чӣ гуна хоҳам расонид? Акнун хушҳолии ман дар ин аст, ки аз ин ҷо баргардед ва дар пеши бачагони худҳо бошед ва бо ман роҳи дашти Ҳувайдоро намоед.
Шағолон гуфтанд:
— Эй барно, агар роҳи наздик намоем, дар он роҳ офатҳо хоҳӣ дид ва агар роҳи дур намоем, ҳалокӣ ва беобӣ хоҳӣ кашид.
Ҳотам гуфт:
— Ҳарчӣ аз Худост, роҳи наздикро бар ман намоед ва корҳои мушкили бандагонро Худо осон хоҳад кард.
Наршағол гуфт:
— Пештар рафта, бар сари чорраҳае хоҳӣ расид ва ба роҳи рӯ ба рӯ равӣ, ба дашти Ҳувайдо мерасӣ.
Ин гуфта шағолон ба ҷои худҳо истода шуданд. Ҳотам шағолонро видоъ карда ба ҷониби биёбон роҳӣ шуд.
Алкисса, Ҳотам баъд аз як моҳ бар сари чорра-
1 Таксир — кӯтоҳӣ, гуноҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё