Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ҳотам гуфт:
— Эй ҳайвонон аз офаридгори худ наметарсед, ҳар соле бачагони шаголонро оварда мехӯред?

Кафторон гӯфтанд:
— Эй одамизод, магар ту шаголонро ба ҷанги моён овардай ва имрӯз бо моён дар ин мақом масоф1 мекунӣ?

Ҳотам гуфт:
— Ман аз барои насиҳат ва маслиҳат омадаам ва ба шумоён чанд сухани насиҳатомез мегӯям. Бояд ки шумоён аз хӯрдани бачагони шаголон тавба кунед.

Кафторон гӯфтанд:
— Эй одамизод, ту ғами шаголон ва бачагони ӯ мехӯрӣ? Ғами худ бояд хӯрӣ, ки ҳамин соат туро порапора карда хоҳем хӯрд!

Ҳотам гуфт:
— Агар гӯшти ман даркор аст, барои ризои ҳақ додам, бигиреду бихӯред, аммо аз хӯрдани бачагони шағолон тавба кунед.

Кафторон гӯфтанд:
— Эй одамизод, туро ҳам мехӯрем ва бачагони шағолонро ҳам мехӯрем!

Ҳотам гуфт:
— Шумоёнро ба худои худ савганд медиҳам, ки аз хӯрдани бачагони шағолон тавба кунед ва ризки шумоёнро розиқи ҷондорон хоҳад расонид.

Кафторон гӯфтанд:
— Эй одамизод, аз хӯрдани бачагони шағолон ҳаргиз даст набардорем!

Ҳотам донист, ки кафторон ба сари инсоф намеоянд дар дили худ гуфт: «Акнун тоқат намондааст». Аз ҷои худ бархост ва бар пушти наркафтор савор шуда, яке зер карда буд, ки наркафтор ба ду пои пеш чӯкида дар зери қадами Ҳотам кулӯла шуда афтод. Дарҳол пой ва гардани наркафторро ба таноби бирешим барбаст ва модакафторро ҳам инчунин барбаст ва дар дили худ фикр кард, ки: «Ҳеҷ офаридаро озор надода будам, имрӯз ин махлуқонро чӣ гуна озор бидиҳам. Чӣ созам, ки инҳо бадкирдоранд. Бояд, ки дандонҳову нохунҳои эшонро бирехт».

Алкисса, Ҳотам нохунҳову дандонҳои кафторонро

пешина
аз 269
навбатӣ