Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
барои ман меҳнат кашида, ҷондореро беҷон карда, маро зомини хуни он гардонидед.
Шағолон гуфтанд:
— Эй барно, худо баъзе ашёро ба баъзеи он сабаб кардааст.
Дар ин гуфтугӯ буданд, ки ҷароҳати Ҳотам фароҳам омада ва ба тариқаи аслӣ баробар шуд.
Ҳотам ба ҷониби шағолон нигоҳе карда гуфт:
— Эй махлуқон, ҳоҷати шумоён чист, ки раво карда, ивази некиатон гардонам?
Шағолон гуфтанд:
— Эй барно, дар ин навоҳӣ ҷоҳест, ҷомеи кафторон1 дар он ҷо маскан карда, ҳар сол бачагони мо, бечорагонро мехӯранд ва моён дар назди онҳо оҷизем.
Агар шумо онҳоро аз сари моён дур созед, талофии2 эҳсони моён хоҳад шуд.
Ҳотам гуфт:
— Ин меҳнатро аз сари шумоён дур хоҳам кард.
Шумоёни мискин онҳоро бар ман намоед.
Шағолон гуфтанд:
— Эй одамизод, аз ин ҷо то ба макони онҳо шаш фарсанг аст.
Алкисса, шағолон Ҳотамро сар карда, ба макони онҳо расиданд ва гуфтанд:
— Эй одамизод, инак маскани кафторон. Ҳотам пештар рафта дид, ки кафторон дар макони худҳо нестанд. Соате дар гӯшае биншаст. Баъд аз муддате кафторон дар макони худҳо омада диданд, ки одамизоде бар дари ғори эшон истодааст. Ҳар ду ғуррида-ғуррида наздик расиданд ва ба забони ҳол гуфтанд:
— Эй одамизод, аз ин ҷо бархез ва ба роҳи омадаи худ бирав ва илло туро ҳамин соат пора-пора хоҳам кард.
Ҳотам гуфт:
— Эй нодонон, ман дар ин макон аз барои озор додан наёмадаам ва шумоён аз ин макони худҳо бархезед ва ба ҷойи дигар равед.
Кафторон гуфтанд:
— Эй одамизод, инчунин суханони муҳмал мегӯӣ ва моёнро мехоҳӣ, ки аз ин макон бадарға созӣ ва аз ҷони худ наметарсӣ?
1 Кафтор — даррандаест гургмонанд.
2 Талофӣ — мукофот, подош.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё