Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
сиҳат хоҳад шуд. Аммо рафтани ин аз рафтан ба дашти Хувайдо зиёда мушкил аст.
Модашағол гуфт:
— Эй ороми ҷон, он мағз аз куҷо пайдо мешавад?
Наршағол гуфт:
— Ин мурғ дар ҷангали Мозандарон пайдо мешавад ва он мурғест, рӯй ба мисли одам ва тани он ба монанди товус. Агар шарбати ӯро ба касе бидиҳанд, хӯрдан баробар ба рақс меояд ва тамошоҳо мекунад.
Модашағол гуфт:
— Эй ҷуфти мушфиқ, кадом зот аст, ки рафта аз Мозандарон сари он мурғро биёрад ва Ҳотамро аз ин озор халос гардонад?
Наршағол гуфт:
— Агар ҳафт шабонарӯз ту аз ин ҷавон бохабар
бошӣ, ман рафта мағзи сари он мурғро биёрам.
Модааш гуфт:
— Фармонбардорам! Зудтар бирав, ки то ба омадани ту ман аз ин ҷавон хабардор хоҳам шуд.
Наршағол бо модаи худ видоъ карда, ба ҷониби
Мозандарон равона шуд.
Ҳотам гуфтори шағолонро мешунид ва мефаҳмид,
аммо тоби бархостан ва сухан гуфтан надошт.
Алкисса, наршағол қатъи манзилу тайи мароҳил карда, баъд аз ҳафт шабонарӯз дар ҷангали Мозандарон дохил гардида дид, ки дар зери дарахте мурғи парӣ бо фароғати тамомом хобидааст. Наршағол оҳиста-оҳиста ба чандин ҳилаву макр расида, сари он мурғро аз танаш ҷудо карда гирифт ва аз ҷангали Мозандарон баромада, ба ҷониби маскани худ роҳӣ гардид.
Модашағол дар ин муддат гирдогирди Ҳотамро гашта, посбонӣ ва нигаҳбонӣ мекард. Ҳотам ин ҳамаро мушоҳида мекард.
Алкисса, наршағол баъд аз ҳафт шабонарӯзи дигар мағзи сари он ҷонварро оварда, ба ҷуфти худ мулоқот кард. Модашағол сари он ҷонварро бо дандони худ зӯр карда бишикаст ва мағзи сари ӯро бо забони худ ба ҷароҳати Ҳотам собид. Дарҳол осори ҷароҳати Ҳотам бартараф шуд.
Ҳотам чашми худро кушода, аз ҷои худ бархост ва ба ҷониби шағолон нигоҳе карда гуфт:
— Эй ҳайвонон, ин чӣ эҳсоне буд, ки дар бораи ман кардед, маро аз озори ин ҷароҳат маҳлас додед. Аммо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё