Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй завҷа, ҳеҷ медонӣ ки ин кист?
Модашағол гуфт:
— Намедонам.
Наршағол гуфт:
— Ин ҷавон Ҳотам бинни Тай, подшоҳзодаи Яман аст.
Модашағол гуфт:
— Эй ороми ҷон, чӣ донистӣ, ки ин Ҳотам бинни Тай аст?
Наршағол гуфт:
— Аз забони бузургони худ шунида будам, ки дар фалон моҳ ва дар фалон рӯз Ҳотам бинни Тай дар зери ин дарахт хоҳад омад.
Модашағол гуфт:
— Эй мӯниси ҷон, Ҳотам чӣ хосият дорад, ки бузургон аз аҳволи он дар замони собиқ хабар додаанд? Ҳақиқати кори ӯро бар ман баён кун.
Наршағол гуфт:
— Эй роҳати ҷон, Ҳотам барои ризои ҳақ молу ҷони худро бохта, ҳоҷати ҷамеи одамонро мебарорад. Дар бобати саховат ва мурувват дар ин олам назир надорад.
Боз модааш гуфт:
— Чаро Ҳотам ба ин ҳол афтода ва дар ин ҷоҳо омадааст?
Наршағол гуфт:
— Эй ҳамдами ҷон, гурги гурусна оҳумодаро бо ду бачааш пеш карда гашта буд, қазоро гузори Ҳотам ба сарвақти онҳо афтода дид, ки гурги гурусна оҳумодаеро пеш андохта мехоҳад, ки бо бачагонаш гирифта тӯъмаи худ созад. Ҳотам аз рони худ гӯшти лазиз бурида, дар пеши гург андохт, ивази гӯшти рони худ оҳуро бо бачагонаш аз офати гург халос карда гирифт ва аз он ҷо ба ин ҷо роҳ гашта аз дарди рони худ дар ин ҷо беҳуш афтодааст.
Модашағол гуфт:
— Инчунин каси бомурувват дар мобайни инсону ҳайвонот нахоҳад буд, таҳсину офарин ба муруввати ин!
Боз модашағол гуфт:
— Эй ёри ҷонӣ, аз ин ҷароҳати қавӣ чӣ гуна сиҳат шавад ва ба дашти Хувайдо чӣ гуна мерасад?
Наршағол гуфт:
— Эй завҷаи меҳрубон, агар мағзи сари мурғи париро оварда, ба захми рони ин гузошта шавад, дарҳол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё