Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
гург андохт. Гург он гӯштро хӯрда аз гуруснагӣ маҳлас¹ ёфт ва гуфт:
— Эй Ҳотам, чаро подшоҳии Яманро гузошта, дар ин роҳи пуршӯру машаққат афтодай?
Ҳотам гуфт:
— Бо хотири ҳоҷатманде дар ин роҳ афтодаам ва малика Ҳуснбону ҷавоби ҳафт савол аз ман талаб кардааст. Бояд ки ба ҳафт саволи ӯ ҷавоб гуфта, ба шаҳзодаи Хоразмӣ гирифта бидиҳам. Саволи аввал ин аст, ки бишнавӣ:
ЯК бор ҷамоли ёр дидан ҳавас аст,
Дар орзӯи дубора бисёр кас аст.
Намедонам, ки гӯяндаи ин гуфтор дар куҷост.
Гург гуфт:
— Ман он ҷоро медонам ва аз забони бузургони худ шунида будам. Он ҷо дашту биёбон аст ва номи онро Дашти Ҳувайдо мегӯянд ва дар он дашт мардест, тамомии рӯз мегардад ва ҳамин суханро мегӯяд.
Ҳотам гуфт:
— Эй маҳлуқ, он дашт ба кадом ҷониб аст?
Гург гуфт:
— Аз ин ҷо меравӣ, ба дуроҳие хоҳӣ расид. Бояд, ки роҳи дасти чапро гузошта, ба роҳи дасти рост равӣ.
Алкисса, оҳуи мода бо бачагони хеш ва гург Ҳотамро дуо карда, ба ҷониби бераҳаи биёбон рафтанд.
Алкисса, Ҳотам андак роҳ рафта буд, ки пои ӯ ба дард омад. Бо машаққати бисёре рафта, дар зери дарахте ғалтид ва дар зери он дарахт шағолон хона сохта буданд. Қазоро ҳамон рӯз барои тӯъмаи худ ба шикор рафта буданд. Шағолон аз шикоргоҳи худҳо гузашта омада диданд, ки одамизоде рӯй ба мисли офтоби ховар, фарри шоҳӣ аз ҷбини ӯ ҳувайдо, мадҳуш шуда, дар пеши хонаи эшон хобидааст. Модааш гуфт:
— Эй ҷуфти азиз, ин одамизод аз куҷо омадааст ва дар ин макони моён қарор гирифтааст? Бояд ки ин маконро гузошта, ба ҷои дигар равем ва бо ин ғайри ҷинс унс гирифтан аз ҳикмат нест.
Наршағол гуфт:
Маҳлас — халосӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё