Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Малика гуфт:
— Савол ин аст:

ЯК бор ҷамоли ёр дидан ҳавас аст.
Дар орзӯи дубора бисёр кас аст,—

ва гуфт:
— Эй Ҳотам, гӯяндаи ин гуфтор дар куҷост, чӣ дидааст ва дуввумбора чӣ орзӯ дорад? Бояд ки аз ҳақиқати кори вай маро огоҳ гардонӣ, саволи дуввум низ хоҳам гуфт.

САФАРИ ЯКУМ

Ҳотам аз хизмати малика мураххас шуда, ба корвонсаро омад ва шаҳзодаро дар он ҷо гузошта, рӯ ба биёбон овард. Қатъи манзил ва тайи мароҳил карда мерафт. Баъд аз чанд рӯз ба ҷое расида дид, ки модаи оҳуро бо ду бачаи он гурги гурусна пеш карда наздик аст, ки гирифта тӯъмаи худ созад. Ҳотам бонг бар гург зада гуфт:
— Эй ҳайвон, бигзор он махлуқро, ки бачагони ширхора дорад!
Гург истода шуд ва ба забони фасеҳ гуфт:
— Эй одамӣ, магар ту Ҳотамӣ?
Ҳотам гуфт:
— Аз куҷо донистӣ, ки ман Ҳотамам?
Гург гуфт:
— Эй азиз, аз шафқати ту маълум мешавад, ки саховату мурувватро Худо ба ту арзонӣ фармудааст. Дигар авсофи ту дар миёни ҳайвонот ва инсон аз ҳар чӣ машҳуртар ва маъруфтар аст. Имрӯз қути маро гирифтӣ, ба ҷои он чизе хӯрданӣ бар ман ато намой?
Ҳотам гуфт:
— Чӣ мехӯрӣ?
Гург гуфт:
— Хӯроки моён гӯшт аст.
Ҳотам гуфт:
— Эй гург, гӯшти кадом узви ман туро хуш ояд?
Гург гуфт:
— Гӯшти рон мехоҳам.
Ҳотам дарҳол аз гӯшти рони худ бурида, дар пеши

пешина
аз 269
навбатӣ