Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоҷибон ҳардуи онҳоро ба хизмати малика расониданд.

Малика дид, ки осори шоҳӣ ва чини эшон ҳувайдо, либоси шаҳаншоҳӣ дар бари худҳо доранд.

Малика пурсид, ки:
— Эй ҷавонон, ба чӣ матлаб дар ин ҷо қадам овардаед.

Ҳотам гуфт:
— Эй маликаи ҳусн, ҷамолу авсофи ҳамидаи1 туро шунида омадаем ва бо моён аҳду паймон намо ва рӯи рӯҳафзои худро бар моён як бор бинами.

Малика аз ин гуфтори Ҳотам хандаи аҷибе карда гуфт, ки:
— Аҷаб ҷавонони соддадил будаанд. Ҳеҷ аврат рӯи худро бе узр ба номаҳрам нишон додааст, ки мо бинамиом?

Ҳотам аз ин гуфтори дилсӯзи малика ҳиҷолатманд шуда, сар дар ҷайби тафаккур фурӯ бурд. Баъд аз соате сари худро боло карда гуфт:
— Эй маликаи олам, бояд ки ҳафт саволи худро аз ин бекасон пурсӣ, шояд ки саволҳоятро ҷавоб гуфта,, ба муроди худҳо бирасем.

Малика гуфт:
— Хуб аст.

Боз Ҳотам гуфт;
— Эй малика, бояд ки чанде аз мӯътабарони ин шаҳрро дар ин мақом ҳозир созӣ ва дар назди онҳо аҳду паймон ба ҷо орӣ, то он ки меҳнату ранҷи ин бечорагон абас ва зоеъ нашавад.

Малика гуфт:
— Қабул кардам,— дарҳол чанде аз хоҷибонро фармуд, ки рафта сарҳангон2 ва мӯътабарони ин шаҳрро дар ин ҷо ҳозир кунед!

Алкисса, хоҷибон рафта сарҳангону мӯътабарони
шаҳрро ба хизмати малика оварданд.

Малика дар ҳузури сарҳангому мӯътабарони худ
аҳду паймон карда, Ҳотамро хотирҷамъ сохт.

Билохир Ҳотам гуфт:
— Эй малика, акнун саволи худро бигӯ.


1 Авсофи ҳамида — сифатҳои нек.
2 Сарҳанг — сарлашкар.

пешина
аз 269
навбатӣ