Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

мустағнӣ ва бениёз гардонам ва агар маъшуқа дорӣ, туро ба маъшуқа восил гардонам.
Шаҳзода гуфт:
— Эй барно, офарин бод бар ҳиммату бар эътикоди ту.
Алкисса, шаҳзода сурати маликаро аз бағали худ бароварда ба дасти Ҳотам доду гуфт:
— Соҳиби ин сурат маро дар ин савдо андохтааст.
Ҳотам дид, ки инчунин сурату шакл ба ҳеҷ зоте нахоҳад буд, гуфт:
— Эй ҷавон, хотирро ҷамъ дор, дар ин боб бо ту ҳамроҳӣ карда, ба маъшукаат восил гардонам.
Шаҳзода гуфт:
— Эй барно, он маъшуқа ҷавоби ҳафт саволро аз ман талабидааст ва ман аз ҷавоби саволҳои ӯ оҷиз омада, ин ҳама нолаву зорӣ мекунам.
Алкисса, шаҳзодаро Ҳотам дар хонаи худ бурда, либоси шоҳона пӯшонида ва муддати се рӯз ҷашне ба рӯи шаҳзода ороста ва эъзозу икроми бисёр намуд.
Рӯзи чаҳорум Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, акнун дар пайи ҷавоби саволи малика кӯшида, мушкили шуморо осон гардонем.
Шаҳзода гуфт:
— Эй барно, ихтиёр мар шуморост.
Дарҳол Ҳотам мулозимони худро талабида гуфт:
— Эй ходимон, бо ҳамроҳии ин ҷавон дар пайи коре меравам. Бояд мусофирону мискинонро обу таом дода, аз ҳар ваҷҳ мустағнӣ ва бениёз гардонед ва дар бораи ҷамъи халқҳо муруввату шафқат намоед ва рафтани маро ба касе изҳор накунед.
Мулозимон гуфтанд:
— Фармонбардорем!
Алкисса, Ҳотам бо шаҳзода аз Яман баромада, ба ҷониби шаҳри Хуснобод роҳӣ гардид. Баъд аз муддати мадиде манзилу мароҳил тай карда, ба шаҳри Хуснобод расиданд. Бехост шаҳзода дасти Ҳотамро гирифта, ба дари боргоҳи малика овард.
Мулозимон ба арзи малика расониданд:
— Ду ҷавони соҳибҷамол ба дари боргоҳ омада истодаанд.
Малика фармуд:
— Ҳар дуи онҳоро дар назди ман биёред.

Мадид — дароз.

пешина
аз 269
навбатӣ