Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ходимон чунин карданд.
Шаҳзода аз хизмати малика баромада зор-зор мегирист ва рӯ ба саҳро карда мерафт ва мегуфт:
Якбора зи ман меҳр буридаст фалак,
Озори маро ба ҷон харидаст фалак.
Ё аввали меҳнат аст ё охири умр,
З-ин гуна, ки танг баркашидаст фалак.
Аз қабили шаҳзода ва акобирзодагон аз ҳар тараф омада ҳаваси ишқи маликаро мекарданд ва аз уҳдаи ҷавоби саволҳои малика баромада наметавонистанд, боз мерафтанд ва намеомаданд.
Алкисса, шаҳзодаро ишқ рост буд ва дар ишқи худ собитқадам буд ва хонумони худро ба боди фано дода, рӯ ба ҷониби биёбон карда мерафт. Гузораш дар мулки Яман афтод. Расида дар зери дарахте бинишаст ва ба он дарахт такякунон рӯ ба осмон карда, зор-зор мегирист:
Ғами замона хӯрам ё фироқи ёр кашам,
Ба тоқате, ки надорам, кадом бор кашам.
На дасти сабр, ки дар остини ақл барам,
На пои ақл, ки дар домани қарор кашам.
Қазоро гузори Ҳотам дар ҳамон ҷо афтод. Дид, ки ҷавони соҳибҷамоле фарри шоҳӣ аз чини ӯ ҳувайдо, зор-зор чун абри навбаҳор мегиряд.
Оҳи дилсӯзи шаҳзода ба дили Ҳотам таъсир карда ва Ҳотамро раҳме бар ҳоли ӯ омад ва пурсид:
— Эй ҷавон, туро чӣ мушкиле пеш омадааст, ки ин ҳама нолаву зорӣ мекунӣ?
Шаҳзода дид, ки ҷавони хушрӯе рӯ ба мисли офтоби ховар ба сари ӯ истодааст, фарри шоҳӣ аз чини ӯ ҳувайдо, таковари арабӣ дар зери пой, либоси шоҳона дар бар, саропо ба зару ҷавоҳир ғӯта хӯрда, акнун-акнун хати ресмонӣ ба гирди орази чун моҳаш дамидааст.
Шаҳзода гуфт:
— Эй барно, чӣ гӯям аз саргузашти худ, ба гуфтан рост намеояд.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, хотири маҳзуни худро ҷамъ дор ва ҳар кори душвору мушкили пешомадаи туро Худои таоло осон хоҳад кард. Акнун рози худро бар ман бигӯй, шояд ҳамаи мушкилиҳои туро сабаб шуда, осон мекарда бошам. Агар аз дунё даркор аст, аз ваҷҳи дунё туро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё