Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Шаҳзода гуфт:
— Ӯ дар куҷост?
Малика гуфт:
— Агар донистаме, аз ту чаро пурсидаме?
Шаҳзода сар дар ҷайби тафаккур фурӯ бурда, баъд аз соате сари худро бардошт ва оҳи сард аз дили пурдард баркашиду гуфт:
— Куҷо равам, аз кӣ пурсам?
Малика гуфт:
— Эй шаҳзода, агар аз ҷавоби саволи мо оҷизӣ, дар ин ҷоҳо набошӣ ва ин хаёли мушкилро аз сари худ дур кунӣ.
Шаҳзода гуфт:
Эй ҳар мижа дар дида сӯзан бе ту,
Ҳар мӯй синоне шуда дар тан бе ту.
Ман бе ту чигуна бигзаронам, ки ҷаҳон,
Чун чашмаки сӯзанест бар ман бе ту?
— Эй барно, дар ин шаҳр ба хаёли васли ту будан ғанимат аст ва агар ба доғи ғами ту бимирам, камоли саъӣ ва саодат аст.
Духтар гуфт:
— Эй шаҳзода, чунин каломи мӯҳмалро нагӯй, туро дар ин ҷоҳо нахоҳам, гузошт.
Ва малика дарҳол фармуд, ки:
— Эй ҳоҷибон, ин туркбачаро аз ин шаҳр бадар кунед!
Ҳоҷибон хостанд, ки шаҳзодаро аз шаҳр бадар кунанд. Шаҳзода ба сад тавалло гуфт:
— Ҷоно, ба доғи ҳаҷр дилам мубтало макун,
Якбора роҳи дӯстӣ аз ман раҳо макун.
То пои ман кушода нагардад зи банди ишқ,
Дасти маро зи домани сӯҳбат ҷудо макун.
— Эй барнои олам, бояд ки ин мискинро чанд рӯзе мӯҳлат бидиҳӣ. Сар дар биёбони ишқи ту гузошта, ҷавоби саволи туро дарёбам.
Малика гуфт:
— Ба ваъдаи ту чанд рӯз интизорӣ кашам?
Шаҳзода гуфт:
— Як сол!
Малика гуфт:
— Хӯб аст,— ва дарҳол фармуд:— Эй ходимон, порае зар ба ин қаландари саргардон бидиҳед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё