Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй малика, зар даркори ман нест, чандин хазоин дорам ва зарру хазоинро гузошта омадаам ва ман подшоҳзодаи Хоразмам.
Малика гуфт:
— Эй шаҳзода, чаро либоси қаландарӣ пӯшида, худро ба сурати гадоён кардаӣ?
Шаҳзода гуфт:
— Эй маликаи ҳусн, сурати шумо инчунин савдоро бар сари ман андохта ва аз ақлу ҳуш бегона кардааст.
Дар ишқи ту ман ҷону дилам бохтаам,
Аз баҳри висол сар фидо сохтаам.
Дорам чу умед баски аз пардаи ғайб,
Шояд ки муроди ман диҳад холиқи раб.
Шаҳзода боз гуфт:
— Эй малика, муштоқи рӯи ту шуда, аз тамоми лаззати дунё ва ҷони худ гузаштаам. Ихтиёр мар турост, ҳарчӣ донӣ, бикун.
Малика сар дар ҷайби тафаккур фурӯ бурда, баъд аз соате сар бардошта гуфт:
— Эй ҷавони содда, аз ин хаёли маҳол даргузар ва худро мубтало ба меҳнатҳову балоҳо масоз. Агар бод шавӣ ба гарди ман нарасӣ. Даррасидани ту бар мо аз ҷумлаи маҳолот аст.
Шаҳзода гуфт:
— Эй малика, дар роҳи висоли ту ҷон хоҳам дод.
Малика гуфт:
— Эй шаҳзода, агар дар ин хаёл камар баста бошӣ, чанд саволе дорам, ҷавоб гӯй, чӣ хуб ва илло номи маро бар забон наёрӣ.
Шаҳзода гуфт:
— Миннатдорам ва аҳдест, ки туро меҷӯям.
Малика боз гуфт:
— Эй шаҳзода, ҷавоби ҳафт саволро ёбӣ, зиҳӣ саодати туст ва мӯҷиби халосӣ аз меҳнатҳо ва боиси некномӣ хоҳад буд.
Саволи аввал ин аст:
Як бор ҷамоли ёр дидан ҳавас аст,
Дар орзӯи дубора бисёр кас аст.
— Бархезу ҷӯяндаи ин қавлро дарёб, аввал киро дидааст ва бори дуюм чӣ чизро орзӯи дидан дорад ва ҳамеша фарёд карда мегардад? Чун ҷавоби ин саволро дарёбӣ, саволи дуюмро хоҳам гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё