Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Хоразм роҳӣ гардид. Баъд аз муддате қатъи манзил ва тайи мароҳил карда ба мулозимати шаҳзода расид.
Шаҳзода гуфт:
— Эй мусаввир, сурати маликаро овардӣ?
Дарҳол мусаввир аз бағали худ суратро бароварда ба дасти шаҳзода дод.
Назари шаҳзода ба сурат афтода буд, ки беҳуш шуда бар замин афтод. Дарҳол хизматгорон уд у анбар ба димоғи шаҳзода доштанд. Баъд аз муддате ба ҳуш омада, сари худро бардошт ва дар дили худ мукаррар кард, ки либоси қаландарӣ пӯшида, бе иҷозати падару модар ба тарафи шаҳри Хуснобод хоҳам рафт, кадом аст, ки аз дар ноумед шавад.
Алқисса, гиряву зорикунон ба ҷониби шаҳри Хуснобод роҳӣ гардид. Баъд аз чанд рӯз дар шаҳри Хуснобод ба хизмати малика даррасид. Дарҳол хизматгорон шаҳзодаро дар корвонсаро бурда, дар макони олӣ нишониданд. Ба фармоиши малика чандин алвон таом дар назди шаҳзода ҳозир карданд. Шаҳзода даст ба таом бурда, ба суръати тамоми тановул менамуд.
Алассабоҳ хизматгорон порае зари сурх оварда, дар пеши шаҳзода ниҳоданд ва гуфтанд:
— Эй шоҳи қаландарон, ин зарро худованди мо фиристода. Бояд ки ин зарро гирифта харҷи роҳи худ кунӣ.
Шаҳзода зарро қабул накард. Ин кирдори шаҳзодаро хизматгорон ба мулозимати малика расониданд ва гуфтанд:
— Эй моҳи олам, қаландаре дар корвонсаро фуруд омада, муддати чанд рӯз аст обу таом дода хушҳол гардонидем. Имрӯз бо фармоиши шумо порае зари сурх ба ӯ додем, нагирифт.
Малика гуфт:
— Эй ҳоҷибон, рафта он қаландари бадрӯзиро ба назди ман биёред!
Дарҳол, ҳоҷибон шаҳзодаро ба хизмати малика ҳозир карданд. Малика дид, ки фарри1 шоҳӣ аз ҷабини қаландар ҳувайдост, таркиби аҷабе дорад. Аз паси парда гуфт:
— Эй қаландари жандапӯш, чаро зарро намегирӣ, ки дар вақти ҳоҷат туро ба кор ояд?
Шаҳзода гуфт:

1 Фарр — нур.

пешина
аз 269
навбатӣ