Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Мусаввир гуфт:
— Ҳунари сураткашӣ дорам, моҳро дар паси парда сурат мекашам.
Малика гуфт:
— Эй мулозимон, бояд, ки мусаввирро яке аз худҳо дониста, эъзозу икроми ӯро бар ҷо биёред.
Баъд аз чанд рӯз ба хотири малика расид, ки мусаввирро фармоям сурати маро бикашад. Боз ба хотираш расонид, ки рӯй ба ӯ намудан аз рӯи маслиҳат нест ва дар дили худ андешаҳо мекард ва тадбири ин корро мехост.
Алкисса, рӯзе мусаввирро талабида, аз паси парда гуфт:
— Эй мусаввир, сурати маро бикаш, то ман бидонам, ки қавли туву гуфтори ту рост аст?
Мусаввир гуфт:
— Фармонбардорам! Ҷаноби малика бар болои бом баромада, дар даруни зарфи об назар андозанд.
Малика: «хуб аст», гуфта дар зери бом ташти об гузошт ва аз болои бом дар даруни зарфи об назари худро андохт.
Мусаввир аз даруни зарфи об сурати маликаро нақш карда гирифт ва дар хилватхонаи худ аз рӯи он сурат сурати дигаре кашида, якеро худ нигоҳ дошт ва якеро ба хизмати малика фиристод. Дарҳол малика оина талабида дар баробари рӯи худ ниҳод, яке бар рӯи худ ва яке ба нақши мусаввир назар карда дид, ки мусаввир заррае хато накарда ва ҳамаро ҷо ба ҷо нақш кашидааст.
Малика аз ҳунари мусаввир хушҳол шуда, инъому эҳсони билониҳоя ба ӯ бахшид.
Мусаввир аз ваҷҳи дунё мустағнӣ ва бениёз гардид ва бо ин ҳиммату саховати малика таҳсину офарин мекард ва аз ин кору кирдор чанд рӯз гузашта буд, мусаввирро ба хотир расид. «Аз барои хизмати шаҳзода омада будам, он хизмат ҳосил шуд, акнун дар ин ҷо бисёр истодан аз маслиҳат нест, аз малика ҷавоб гирифта, ба хизмати шаҳзода бояд рафт». Пас омада ба хизмати малика арз карда гуфт:
— Эй моҳи олам, каминаро рухсат шавад, рафта фарзандону вобастагони худро биёрам.
Малика гуфт:
— Эй мусаввир, зудтар биёӣ.
Мусаввир аз хизмати малика баромада, ба ҷониби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё