Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
соҳибдиёнату мурувват будаанд ва ин ҳама авсофи малика дар мулкҳо ва диёрҳо расида, ҳамаи мардумон орзуи дидани ҷамоли малика ва саховати ӯ мекардаанд.
Ровӣ чунин ривоят кардааст, ки дар шаҳри Хоразм подшоҳе буд, номи ӯ Мунаввар ва ӯро писари бистудусолае буд бисёр хубу соҳибҷамол ва номи ӯро шаҳзода Мунир гуфтанд.
Шаҳзода низ авсофи ҷамоли бокамоли Ҳуснбонуро шунида, ғоибона ошиқи рӯи ӯ гардид ва ба хизмати худ сураткаше дошт дар боби сураткашӣ ягонаи замон ва нодири даврон буд. Дарҳол фармуд, ки сураткашро биёранд. Мулозимон рафта сураткашро оварданд.
Шаҳзода гуфт:
— Эй мусаввир¹, ба қарибии Хуросон шаҳре будааст номи он Ҳуснобод ва дар он шаҳр духтаре будааст соҳибҷамол ва соҳибсаховат. Ӯ духтархонди подшоҳи Хуросон буда ва он шаҳрро худи он духтар бино карда будааст. Метавонӣ, ки рафта сурати ӯро кашида дар назди ман биёрӣ?
Мусаввир гуфт:
— Фармонбардорам!
Алкисса, порае харҷии роҳ ба мусаввир дода, ба ҷониби Ҳуснобод роҳӣ гардонид.
Мусаввир роҳи Ҳуснободро тай карда, баъд аз се моҳ дохил дар шаҳри Ҳуснобод гардид ва дар сарои мусофирон рафта қарор гирифт. Дарҳол мулозимони малика дар назди мусаввир чандин алвон таом оварда ниҳоданд. Мусаввир обу таомро хӯрда, дар ҳаққи малика дуои бисёре кард. Субҳу шом хизматгорони малика дар назди мусаввир обу таом меоварданд ва дар бораи мусаввир муруввати бисьёр мекарданд.
Алкисса, бад-ин минвол чанд рӯз гузашт. Рӯзе аз рӯзҳо мусаввир ба хизмат рафта, маликаро мулозимат намуд ва гуфт:
— Эй маликаи олам, мехоҳам ки ба шумо навкар шавам ва бақияи умри худро дар хизмати шумо гузаронам.
Малика гуфт:
— Ҳунари ту чист?
¹ Мусаввир — сураткаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё