Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

зарҳо ба сурати мору каждум шуда, қасди моён мекунанд ва моён аз ин тилисмот мутаҳайуру мутааҷҷиб шудем.
Шоҳ гуфт: .
— Гузоред зарҳоро ба ҳоли хеш!
Курдоншоҳ ба ҷониби малика нигоҳе карда гуфт:
— Эй малика, ҳамаи ин корҳо меҳрубонии ҳақ аст дар бораи ту ва барои насиби ту ин зарҳоро бо ин тилисм гузоштаанд. Ҳеҷ касро ин хазоин дар тасарруф нест. Мо ҳам инҳоро ба шумо бахшидем, ҳарчӣ муроди дили шумо бошад, ҳамон кунед.
Малика аз ҷои худ бархоста гуфт:
— Эй шоҳ, агар ҳукми олампаноҳ шавад, ин хазоин ба мустаҳиқон1 ва ба мусофирон эҳсон намоем. Бояд ки ҳеҷ аҳаде2 дар ин боб музоҳими3 ман нашавад.

Курдоншоҳ гуфт:
— Ихтиёр мар турост, ба тавре ки хоҳӣ, бахшӣ.
Алқисса, муддати ҳафт шабонарӯз ба рӯи шоҳ ҷаш-не ороста, шоҳ ва аркони давлатро хурраму хурсанд гардонид. Баъд аз ҳафт шабонарӯз Курдоншоҳ бо арко-ни давлат аз шаҳри малика баромада қатъи манзил ва тайи мароҳил карда, дохили боргоҳи худ гардид.

Малика моҳе чаҳор маротиба ба хизмати Курдоншоҳ омадӣ ва Курдоншоҳ дар бораи малика марҳамату меҳ-рубонии аз ҳад афзун намудӣ.

Алқисса, малика дар шаҳри худ низ сарои олӣ бино карда ва барои мусофирону ғарибон ороста гардонид. Мусофирону ғарибонро паноҳ дода, бо обу таом шафқат мекард ва агар мустаҳиқ ва бебизоате будӣ, ҳар-чӣ зарру сим медод ва агар ғаниву соҳибдавлате будӣ, зиёфатҳои хубу олӣ мекард. Валекин ҳусну Ҷамолу са-ховати ӯ ба тамоми олам мунташир шуда, ки ба қа-рибии шаҳри Хуросон духтари Барзахи бозаргон шаҳру сарое барои мусофирон бино кардааст. Шоҳи Хуросон ӯро духтари худ хонда ва ӯро ном малика Ҳуснбону буда, ихтиёри шавҳар намекардааст ва ҳар шахсе, кӣ ба макони ӯ равад, бо зару сим аз дунё бениёз ва мус-тағнӣ мегардонидааст ва дар тамомии олам назиру ми-сол надоштааст. Ходимону мулозимони ӯ ба мисли он

1М тақиқ — ниёзманд.
2Аҳад — касе, шахсе.
3Музоҳим — халалрасонанда.

пешина
аз 269
навбатӣ