Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷавоҳирхову зархоро нисори мақами шоҳи олиҷоҳ гардонам.

Курдоншоҳ гуфт:
— Бисёр хуб аст, ҳар гоҳ ки шумо хоҳед, он за-мон хоҳем рафтан.

Малика аз хизмати шоҳ мураххас шуда, ба шаҳри худ даррасид ва онро оинбандӣ карда, тамомии атро-фу акнофи он шаҳрро ороставу музайян гардонид. Баъд аз се рӯз падари худро бо аркони давлат ба ҷониби шаҳри худ таклиф намуд.

Курдоншоҳ бо сардорому вазирон ба ҷониби шаҳ-ри Ҳуснбону роҳӣ гардид.

Малика аз омадани шоҳ воқиф шуда бо ходимони хеш истиқбол намуд. Алкисса, миқдори як фарсанг омада пойандозҳои заррину бирешумин андохт. Кӯр-доншоҳ бо аркони давлат рӯй-рӯи пойандозҳо қадам ниҳода дар боргоҳи малика расид. Билохир, дар бор-гоҳи малика даромада, бар болои маснадҳову қолинҳо бинишаст ва фотиҳа аз барои зиёдии умр ва ҳаша-ми малика хонданд.

Дарҳол малика фармуд, чанд миқдор ҷавоҳиру зар оварда, нисори қудуми Қурдоншоҳ гардониданд. Баъд хонҳои мурассаъ оварда, дар пеши шоҳ ва аркони дав-лати ӯ гузоштанд ва дар даруни ҳар хон ҳафтод гуна таоми лазизу латиф буд.

Курдоншоҳу вазирони ӯ бо ин ҳама асбобу таҷам-мули малика таҳсину офаринҳо карданд ва Қурдон-шоҳ даст ба таом бурда бо аркони давлат тановул ме-намуд ва мегуфтанд:
«Боракалло ба эътиқоду ихлоси малика!»

Алкисса, малика аз ҷои худ бархосту гуфт:
— Эй шоҳ, хазинадоронро фармоед, ҳамаи ин ҷа-воҳиру зархоро бурда дар хазинаи шоҳи ҷаҳонпано-ҳӣ дохил созанд.

Дарҳол Қурдоншоҳ ба ҷониби вазир нигоҳе карда гуфт:
— Эй вазир, бояд, ки ин ҳама ҷавоҳиру зархоро бурда, дар хазина дохил кунед.

Вазир аз ҷои худ бархоста бо чанд хизматгор да-ри хазоинро кушода дид, ки ҳамаи он зару ҷавоҳирот ба сурати мору каждум шуда, ба ҷониби вазиру рафи-қони ӯ ангез карданд. Вазир мутаҳайир шуда, ба хиз-мати шоҳ омаду гуфт:
— Эй шоҳи олам ва эй султони бокарам, ҳамаи он

пешина
аз 269
навбатӣ