Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
дар поёни боргоҳ рафта ҳарду дасти худро бар сафҳай синаи худ дошта гуфт:
— Эй шоҳ, бидонед ва огоҳ бошед, камина хоназоди маврусии шумо, ҳамон духтари Хоҷа Барзахи бозаргонам, ки ба хотири ин дарвеши бадандеш ҳамаи амволу ашёи фақирро тороҷ кунонида, худи дуогӯйро сангсорон фармуда бубед.
Алкисса, баъд аз баёни ҳақиқати саргузашти худ ва найрангу фиреби дарвеши бадандеш гуфт:
— Эй шоҳ, ҷавоҳироту амволе, ки пештар ин дарвеш бо муридони хеш дуздида бурда буд, гирифта бидиҳанд, то он ки эшон ҳаққи толибонро гирифта, ба ҷаҳаннам набаранд.
Шоҳ ангушт ба дандони таҳайюр газида, таҳсину офарин ба ин доноии малика менамуд ва аз кардаҳои худ шармсор шуда фармуд, ки:
— Эй ҳоҷибон, рафта хонаҳои ин бадкоронро ковед, тамомии амволу асбоби маликаро ёфта бидиҳед!
Ҳоҷибон «фармонбардорем», гуфта хонаҳои дарвеш ва муридони ӯро кофта миқдори зиёде молу ҷавоҳир ва асбоб ба даст оварданд ва ҳамаи он молҳоро ба соҳибонаш супурданд.
Арзақи дарвешро бо муридон кӯчаҳои шаҳрро гардонида, ба чӯбаи дор кашиданд. Онҳо аз олам даст шуста сазовори ҷаҳаннам гардиданд.
Курдоншоҳ дасти маликаро гирифта, ба ҷониби ҳарами худ равона гардид ва дар назди занони худ оварда гуфт:
— Эй ходимон ва эй маҳрамон, ин духтарро фарзанд хондаам. Бояд, ки се шабу се рӯз ҷашне ороста,
ӯро хуб меҳмондорӣ намоед.
Мулозимон ва ходимон гуфтанд:
— Фармонбардорем!
Курдоншоҳ боз гуфт:
— Эй фарзанд, акнун ҳақиқати саргузашти худро
ба ман бирасон.
Малика аз ҷои худ бархост ва забони васф дар мадҳи шоҳ кушода, баъд аз он чи дар ин муддат рӯй дода буд, якояк бозгуфт ва дар охир илова кард:
— Умед аз карами шоҳ дорам, ки бо аркони давлат ба ҷониби шаҳри камина қудуми шариф арзонӣ фармоянд ва ин марҳаматашон боиси сарафрозии ин пошикаста дар миёни халоиқ хоҳад гардид ва ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё