Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Малика ба Миршаб ишорат кард, ки «дуздонро рӯ ба рӯи шоҳ ҳозир бисоз».

Миршаб ҳамон соат дуздонро бо чеҳраҳои баста қатор гардонид.

Шоҳ онҳоро молу ашё бар пушт ва дастҳо баста дид ва товуси мурассаъро дар гардани касе овехта.

Курдоншоҳ гуфт:

— Эй кутвол, дуздонро пештар биёр!

Кутвол пештар бурд.

Курдоншоҳ ба таҳқиқ назар карда дид, ки калони дуздон пири муршид, дигарони ӯ муридонанд.

Шоҳ ба «Моҳиршоҳ» рӯ оварда гуфт:

— Эй фарзанд, ин дузд пири муршиди мо будааст.

Малика гуфт:

— Наздик талабида хуб мулоҳиза кунед, сурати одам бо одам мемонад, шояд ки он дарвеш набошад.

Шоҳ ҳар кадомро, ки ҷудо-ҷудо мол дар пушт бастагӣ буд, мезинохт. Ӯ аз ҳиҷолат сар дар ҷайби тафаккур фурӯ бурда, баъд аз соате сари худро бардошта, боз назар кард, дид, ки ба гардани пири муршид товуси мурассаъ овезон ва ба пушти муридон амволу асбоби билониҳоя боркунон дастҳои эшонро барбастаанд. Ҳиҷолати шоҳ зиёда шуда, бо аркони давлат ангушти ҳайрат дар дахон мекарданд.

Шоҳ гуфт:

— Эй Моҳиршоҳ ва эй кутвол, ба гардани дарвеши беандеш чӣ бошад?

Дарҳол кутвол аз ҷои худ бархоста, товуси мурассаъ аз гардани шайх гирифта, дар назди Курдоншоҳ ниҳод.

Малика гуфт:

— Эй шоҳ, ин товус ҷӯраи ҳамон товусест, ки банда аз назари шоҳи олампаноҳ гузаронида будам.

Курдоншоҳ дар ғазаб шуда фармуд, ки чизҳоро аз пушти эшон гирифта миёнҳои эшонро кушоянд.

Ҳоҷибон ҳамчунон карданд, асбоби дуздӣ ва доруҳои мадҳушӣ аз зери бағали эшон афтодан гирифт.

Шоҳ ҳамаи амволу ҷавоҳирҳоро ба худи Моҳиршоҳ супорид. Баъд аз он амр кард, ки:

— Дарвеши бадандешро бо муридони ӯ тамоми шаҳрро гардонида, баъдан ҳамаи инҳоро бо шайхи бадкуништ ба дор кашида сангсорашон кунед.

Ин гуфта буд, ки малика аз ҷои худ бархост ва

пешина
аз 269
навбатӣ