Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

бобу амволу ҷавоҳироту палосҳоро баста, ба пушти худҳо бардоштанд ва аз даруни қаср берун шуданд.

Посбонон диданд, ки ҳама амволро гирифта, аз қаср берун шуданд, ба якборагӣ аз дунболи онҳо хез карда расиданд, дарҳол дарвеши бадкешро бо муридон гирифтанд, шӯру ғавғо бардоштанд. Ҳамаи мардумони шаҳр шӯру ғавғоро шунида, бар болои сари эшон ҳозир шуданд.

Қутвол низ расида дид, ки дарвеши бадандеш инчунин кори бадро пешаи худ кардааст, фармуд, ки:
— Эй мулозимон, машъалҳоро афрӯзед!
Дарҳол мулозимон чанд машъал афрӯхтанд, шаб мисли рӯз равшан шуд.

Шабгардон онҳоро баста ба хизмати Моҳиршоҳ оварданд.

Малика дар маснади иззат нишаста буд, ки шабгардон салом карданд. Моҳиршоҳ фармуд, ки:
— Инҳоро бар ҳамин қисм баста нигоҳ доред, ки ба хизмати шоҳ барем ва мулозимони худро ҳам таъкид кард, ки аз мардум бохабар бошед, фардо ба ҳузури подшоҳ хоҳем бурд.

Малика дид, ки душман ба балои бад гирифтор шуд, хушвақт шуда, боқии шабро ба ором гузаронид.

Чунин фардо рӯз шуд, миршабро подшоҳ талаб карда ҳақиқат пурсид, ки:
— Шаб чӣ шӯру ғавғо буд?
Миршаб ба арз расонид, ки:
— Вақти дуними пос аз шаб гузашта буд, ки ба давлатхонаи Моҳиршоҳ дуздон даромадаанд. Маро хабар шуд, ҳамон вақт худро расонидам, дуздонро бо молу ашё гирифта, назди Моҳиршоҳ бурдем ва молу ашёро ман бурда нигоҳ доштам. Моҳиршоҳ фармуд: «Ба ҳамин қисм, ки гирифтӣ, ба ҳамон қисм инҳоро аз назари шоҳ гузарон». Алҳол молу ашё ва дуздонро баста овардаам, амри мубораки шумо шавад, биёрам.

Дар сухан буданд, ки Моҳиршоҳ омад.

Шоҳ пурсид:
— Эй фарзанд, имшаб дар хонаи шумо дуздон даромада буданд?

Малика аз ҷои худ бархоста, ба арз расонид, ки:
— Умру давлати шоҳ зиёда бод, миршаб расида хабардор шуд. Алҳол бояд, ки дуздонро ба ҳузури худ талабида, чеҳраи онҳоро мушоҳида намоед.

пешина
аз 269
навбатӣ