Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ри Хоҷа Барзах хоҳанд омад. Бояд ки бо шогирдпешагони худ аз атрофу ҷавониби ин қаср хабардор бошӣ».
Кутвол аз мутолиаи ин нома мутағайир шуда, худ барои ҳақиқатпурсӣ ба хизмати «Моҳиршоҳ» омада, салом карду гуфт:
— Эй шоҳ, ҳеҷ дуздеро ҳадди он нест, ки ба нияти бад ба ин мақом қадам гузорад ва ҳар ҳарфе ки ба эшон расонидаанд, ғалат гуфтаанд ва аз ин ваҷҳ хотири худро парешон надоранд.
«Моҳиршоҳ» ба кутвол гуфт:
— Дар ин ҷо сиррест, бояд, ки дар дили худ пинҳон дорӣ ва ба ҳеҷ касе зоҳир насозӣ. Оқибатуламр ҳақиқати ин кор маълум хоҳад шуд.
Кутвол гуфт:
— Фармонбардорам! — Ва боз гуфт: — Эй шоҳ, имшаб бояд, ки худи фақир он бадкоронро дастгир созам.
«Моҳиршоҳ» гуфт:
— Маслиҳат ин аст: бояд, ки худ рафта, чанде аз шабравонро фиристонӣ, эшон дар ин ҷо бо мулозимон бошанд. Ҳангоме ки шӯру ғавғо хезад, албатта худро дар ин ҷо расонӣ.
Кутвол гуфт:
— Фармон мар шуморост!
Билохир, «Моҳиршоҳ» ба кутвол хилъати шоҳона
бахшида рухсат намуд.
Кутвол чанде аз шабравонро ба ҷониби қасри «Моҳиршоҳ» фиристод. Шабравон омада дар зайли ходимони «шоҳ» қарор гирифтанд.
Алкисса, посе аз шаб гузашта буд, ки дарвеши бадандеш бо чиҳил муриди хеш омада, аз дари қасри Хоҷа Барзах даромад. Ҳамаи мулозимону посбонон дар каминҳо бедор нишаста буданд. Дарвеш бо муридони хеш ба муроқаба рафта¹ дарёфт, ки ҳамаи хизматгору посбонон ба мисли мурдаи садсола дархоб шудаанд.
Алкисса, шайхи ноқис ба муридони хеш гуфт, ки:
— Эй ёрон, ҳамаи ин посбонон ба манзалаи мурда² ба хоби фароғат рафтаанд.
Муридон вақти худро ғанимат дониста, ҷамеи ас-
¹Яъне: зеҳн монда, нек назар карда.
²Яъне: мурдавор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё