Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй шоҳ, фақирро ду-се луқма кофӣ аст, барои поси хотири шумо чанд луқма зиёда тановул намудам.
Баъд аз фароғи обу таом фотеҳа хонда, дарвеш бо муридони хеш ба ҷониби касофатхонаи худ рафта қарор гирифт ва ба муридони худ гуфт, ки:
— Эй ёрон, бояд ки имшаб рафта ҳама ҷавоҳироту амволи Моҳиршоҳро дуздида биёрем.
Муридон гуфтанд:
— Эй раҳнамо, моён дар дили худҳо ин маслиҳатро нақш карда будем. Дар ин боб каромат зоҳир намуданд.
Акнун чанд калима аз малика шунавед:
Малика дар дили худ ҷазм кард, ки имшаб дарвеши бадандеш аз барои дуздида бурдани асбобу амвол бо муридон хоҳад омад ва хизматгорони худро талабида гуфт:
— Эй ходимон, имшаб бояд, ки дар гӯшаҳои ин
қаср ҳозиру бедор бошед.
Мулозимон гуфтанд:
— Фармонбардорем!
Малика боз гуфт:
— Эй ходимон, имшаб дуздон омада дасти дуздӣ ба ин ҷавоҳироту асбобҳо хоҳанд ниҳод. Имшаб тамоми асбобҳову молҳоро нағундоред ва тамоми дару дарвозаҳоро беқуфлу безанҷир гузоред, то он ки он намақҳаромони беандеш ба муроди худҳо бирасанд. Бояд, ки яке аз шумоён эшонро чизе нагӯяд ва дар мақоми худҳо сокит бошед, то он ки эшон ин ҳама ҷавоҳироту амволу асбобҳоро дар пушти худҳо бардоранд ва аз даруни ин қаср берун оянду чанд қадам роҳ раванд. Баъд аз он ҳамаи шумоён ба иттифоқ омада, эшонро бигиред, дастҳои эшонро бар пушт барбандед.
Баъд аз ин кор шӯру ғавғо созед, ки ҳамаи мардумону мулозимони кутвол шунида биёранд ва аз кори бади бадкирдорон воқиф шаванд.
Хидматгорон гуфтанд:
— Фармонбардорем!
Баъд аз он малика нома ба ҷониби кутвол равон намуда гуфт:
«Эй кутвол, имшаб ба нияти дуздида бурдани ҳамаи асбобу амволи мо чанд авбоши бебош дар ин қас-
1 Кутвол — миршаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё