Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

«Моҳиршоҳ» зарфҳои тиллову нуқраро бо чанд сар ҷавоҳиру товуси мурассаъ дар назаргоҳи дарвеш гузошт, то он ки ҳар замон назари ин дуздон афтода ҳирсашон зиёда шавад.

Дарвеши бадкеш бо «муридон» дар дили худ фикр мекард ва мегуфт:

«Эй ёрон, ин хона шавкати нек дорад, ин ҳама матоу ҷавоҳирро дар шаб хоҳем гирифта бурдан».

Боз ба забони мӯканӣ¹ мегуфт:

— Эй ёрон, ин дафъа матоу ҷавоҳир дар ин хона даҳчандони дафъаи аввал аст.

«Муридон» гуфтанд:

— Ин ҳама каромати шумост. «Моҳиршоҳ» дар дили худ мегуфт: «Эй маккорон ва нобакорон, ин ҳама ҷавоҳироту зарфҳову товуси мурассаъ тавқи гардани шумоён хоҳад шуд ва шумоёнро бо ин алоқа дар барзахи дузах² хоҳем фиристод ва молу матои собиқро аз шумоён хоҳем гирифт ва шоҳро дар мобайни аркони давлаташ хиҷолатманд хоҳем гардонид. Пиру муридонро дар чӯбаи дор хоҳем кашонид».

Алкисса, чанд алвон мева бо зарфҳои тиллою мурассаъ оварда, дар пеши шайху муридони ӯ гузоштанд ва эшон дуздида бурдани ин ҳама асбобҳову зарфҳоро дар шаб ба дили худҳо нақш мекарданд.

Баъд аз он фаррошон офтобаҳои мурассаъ ва дастшӯи тилло оварда, эшонро даст шӯёниданд ва дастархонҳои мурассаъ паҳн карда, таомҳои лазизу латиф бо зарфҳои мурассаъ дар пеши эшон гузоштанд. Ҳамаи эшон ба хӯрдани таом муқайид шуданд. Аммо дарвеш кам-кам мехӯрд чаро ки рағбати ӯро ҷавоҳироту зарфҳои мурассаъ ва асбобҳои гаронбаҳо гирифта буд. Вале муридони ӯ аз барои бардоштани амволи дуздӣ сабаби зиёдати қувват шавад гуфта, луқмаҳои калон мегирифтанд ва шикамҳои худҳоро сер карда бар болои серӣ боз мехӯрданд.

«Моҳиршоҳ» дид, ки дарвеши бадандеш аз акли таом даст кашидааст, аз ҷои худ бархоста гуфт, ки:

— Эй раҳнамо, чанд луқма ба хотири ин дуогӯ та-новул намоянд!

Пири ботазвир гуфт:

1 Киноя аз паст-паст гап задан.
2 Байни дӯзах, миёнаи дӯзах.

пешина
аз 269
навбатӣ