Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Эй ходимон, аз барои дарвеши бадкеш ба дастури¹ собиқ зиёфати олӣ ва зарфҳои тиллову нуқра тайёру муҳайё гардонед.

Мулозимон ҳамаи гуфтаҳои «Моҳиршоҳро» мавҷуду муҳайё гардониданд ва товуси мурассаъро, ки аз ҷоҳи хазоин баромада буд, оварда, дар назаргоҳи дарвеш гузоштанд. Баъдуҳу «Моҳиршоҳ» ба дари боргоҳ рафта бо Курдоншоҳ салом карда гуфт, ки:

— Эй шоҳ, фардо таклифи пири Муршид хоҳем намуд.

Шоҳ гуфт:.

— Неку бошад.

«Моҳиршоҳ» аз боргоҳи падархонди худ баромада, аз дари ҳавлии Хоҷа Барзах дохил гардид. Шаб даррасида буд, ки фармуд:

— Эй мулозимон ва эй ходимон чанде аз шумоён рафта шайхи «раҳнаморо» ба сад эъзозу икром ба ин ҷониби ҳавлӣ биёред.

Хизматгорон рафта гуфтанд, ки:

— Эй бузургвор, шуморо Моҳиршоҳ барои зиёфат ва атои садоқат металабад.

Дарвеши бадкеш гуфт, ки:

— Фардо бар сари хони ӯ хоҳам расид.

Алкисса, шаби занғӣ ва талъати зулмат гузашта, офтоби ҷаҳонтоб тулуъ карда буд, ки шайхи беандеш бо чиҳил ходими худ ба дари дарвозаи Хоҷа Барзах ҳозир гардид.

«Моҳиршоҳ» аз дари дарвоза то ба саҳни хона пой-андозҳои қиматбаҳо андохта, дарвешро ба сад эъзоз бурда, бар болои маснадҳои² фарангӣ нишонид.

Дарвеши бадкеш бо «муридон» фотеҳа хонда, бар болои палосҳои мурассаъ қарор гирифт.

Алкисса «Моҳиршоҳ» чанд сар ҷавоҳир ва товуси мурассаъро оварда, дар пеши дарвеши бадкеш ҳадя гӯён гузошт.

Дарвеш ин ҳама нузуроти³ «Моҳиршоҳ»-ро аз рӯи макру ҳила қабул накард ва гуфт:

— Эй мухлиси холис-ул-ақида, зарру сими ин дунёро мо ба худ ҳаром гардонидаем ва моро аз чифаи дунёи дун тамаъу орзуе намебошад.

1 Дастур — тартиб.
2 Маснад — тахт, курсӣ.
3 Нузурот — назрҳо.

пешина
аз 269
навбатӣ