Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

баҳонаи ин ғуломзодаи худ қадами шариф арзонӣ намоянд.

Дарвеши бадкеш гуфт:
— Бисёр хуб аст. Ҳар вақт ки хоҳед, бехост хоҳем рафт.

Боз «Моҳиршоҳ» гуфт:
— Фақирхона дур аст. Мегӯянд, ки ҳавлии Хоҷа Барзах холист. Ҳамон ҷоро фарш намуда¹, таклифи бузургворро он ҷо хоҳем кард.

Курдоншоҳ гуфт:
— Эй фарзанд, он ҳавлиро ба шумо бахшидем.
«Моҳиршоҳ» дар дил мегуфт: «гӯё ки аз мероси падарат ба ман чизе додӣ».

Курдоншоҳ бо ҳамроҳии писархонди худ аз хизмати он дарвеши бадандеш мураххас шуда,2 ба ҷониби боргоҳи худ рафт.

«Моҳиршоҳ» аз падархонд ҷудо шуда, дар ҳавлии падараш омада дид, ки тамоми айвону кайвон хароб ва ба хоки сиёҳ яксон гардидааст. Аз ин ҳаводисоти3 дунёи нопойдор яъсе4 рӯйдод шуда, об аз дидагони
— Меъморону гилкоронро оварда шикастурехти инҳоро таъмир созед.

Алқисса, ходимон рафта меъморону оварда ва ба андак вақт хонахоро дуруст таъмир карданд. Баъд аз он ба «Моҳиршоҳ» хабари тайёрии айвону кайвонро расониданд.

«Моҳиршоҳ» гуфт, ки:
— Эй мулозимон, палосҳои қиматбаҳо андохта, ин ҳавлиро музайяну ороста гардонед.

Хизматкорон ҳамчунон карданд. Хабар дарҳол ба «Моҳиршоҳ» расониданд, ки ҳамаи гуфтаҳоро мувофиқи он тайёр намудем.

«Моҳиршоҳ» шабро гузаронида аввали рӯз бо хосони худ дар ҳавлии хоҷа омада дид, ки тамоми айвону кайвонро мувофиқи амр тайёру музайян кардаанд. Гуфт:

1Яъне: палос андохта.
2Яъне: рухсат шуда, ҷавоб шуда.
3Ҳаводисот — ҳодисаҳо.
4Яъс — ғаму андӯҳ.

пешина
аз 269
навбатӣ